Агар шумо чуноне, ки шоиста аст, бар Аллоҳ таваккал кунед, ба шумо рӯзӣ хоҳад дод ҳамчуноне, ки ба парандагон рӯзӣ медиҳад, ки субҳ гурусна аз лонаи худ берун мераванд ва шомгоҳон бо шиками сер боз мегарданд
Касе, ки бевазан ва мискинро нигоҳубини мекунад, монанди касест, ки дар роҳи Худо ҷиҳод мекунад ё касе, ки шабҳо намози шаб мехонад ва рӯзона рӯза мегирад
Хонаҳои худро монанди қабристон насозед, қабри маро ҷашнгоҳ қарор надиҳед, бар ман дуруд бифиристед, зеро дуруди шумо ҳар ҷое бошед ба ман мерасад
Намозҳои панҷгона, аз ҷумъа то ҷумъаи дигар ва аз рамазон то рамазони дигар ва дар ҳоли дурӣ аз кабоир, кафорати гуноҳони байни онҳо мегардад
Ҳеҷ ранҷ, беморӣ, нигаронӣ, нороҳатӣ, озор ва ғаму андуҳе ба мусалмон намерасад ва ҳатто хоре дар пояш фурӯ намеравад, магар ин ки Аллоҳ Таъоло баъзе аз гуноҳонашро ба сабаби он мебахшад
Агар шумо бар Худованд он гуна, ки шоистаи Ӯ Таъоло аст таваккул кунед, Ӯ ба шумо он гуна рӯзӣ медиҳад, ки ба парандагон рӯзӣ медиҳад, субҳ аз лонаи худ бо шиками холӣ мебароянд ва шомгоҳ бо шиками пур бармегарданд
Ҳар кӣ бихоҳад дар ризқи ӯ фаровонӣ ояд ва аҷали ӯ ба таъхир андохта шавад, пайванди хешовандиро нигоҳ дорад
Ҳар кас дар як рӯз сад бор "Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи" бигӯяд, гуноҳонаш омӯрзида мешавад, агарчи ба андозаи кафки дарё бошад
Ҳар кас даҳ бор "Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу лаҳул-мулк ва лаҳул-ҳамд ва ҳува ало кулли шайъин қадир
Касе содиқона ва аз қалб гувоҳӣ диҳад, ки нест маъбуди барҳақ ҷуз Аллоҳ ва Муҳаммад фиристодаи Аллоҳ аст, Худованд оташи дӯзахро бар ӯ ҳаром мегардонад
Ҳаққи Худованд бар бандагонаш он аст, ки Ӯро ибодат кунанд ва чизеро шарики Ӯ қарор надиҳанд, ва ҳаққи бандагон бар Худованд он аст, ки Ӯ Таъоло онҳоро дар ҳоле,ки ба Ӯ таъоло шарик қоил нашудаанд азоб надиҳад
Ҳар касе дар ҳоле бимирад, ки ба Худованд шарик наовардааст, вориди биҳишт мешавад, ва ҳар касе дар ҳоле бимирад, ки ба Худованд шарик қоил бошад вориди дӯзах хоҳад шуд
Шуморо ба тақвои Аллоҳ ва гӯш супурдан ва итоат кардан амр мекунам, ҳатто агар (амиратон) бардаи ҳабашӣ бошад. Баъд аз ман ихтилофи шадиде хоҳед дид, пас ба суннати ман ва суннати халифаҳои рошидини ҳидоятёфта чанг бизанед
Ҳар гоҳ муаззин гуфт: Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар ва яке аз шумо (дар посухаш) гуфт: Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар
Аллоҳ Таъоло мефармояд: Намозро миёни худам ва бандаам ду тақсим кардам ва барои бандаам ҳар он чи бихоҳад, ҳаст
Аммо ман шуморо аз рӯйи иттиҳом (ба дурӯғ гуфтан) қасам надодам ва лекин Ҷабраил ба назди ман омад ва огоҳам кард, ки Аллоҳ Азза ва Ҷалла бо шумо дар байни фариштагон фахр мекунад
Беҳтарин диноре, ки инсон харҷ мекунад, динорест, ки барои хонаводааш сарф мекунад, динорест, ки барои василаи нақли худ барои ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ сарф мекунад ва динорест, ки барои дӯстони худ дар роҳи Аллоҳ сарф мекунад
Касе, ки ду духтарро сарпарастӣ кунад, то ин ки ба синни балоғат бирасанд, рӯзи қиёмат дар ҳоле меояд, ки ман ва ӯ монанди ин ду хоҳем буд". Ва ангуштонашро бо ҳам часпонд
То имон наёваред ба биҳишт ворид намешавед ва имон намеоваред, то ин ки ҳамдигарро дӯст бидоред. Оё шуморо ба чизе роҳнамоӣ накунам, ки агар анҷомаш диҳед байни шумо муҳаббат пайдо шавад? Саломро байни худ паҳн кунед
Кадом кор назди Аллоҳ маҳбубтар аст? Гуфт: "(Адои намоз дар вақти муқарраршудааш". Гуфтам: Сипас кадом? Гуфт: "Некӣ бар падару модар". Гуфтам: Сипас кадом? Гуфт: "Ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ
Фоли бад (бадгумонӣ барои оянда) задан ширк аст, фоли бад задан ширк аст, фоли бад задан ширк аст, -се маротиба гуфтанд-". Ва ин чиз ногузир дар дили мо меафтад, аммо Аллоҳ Азза ва Ҷалла онро бо таваккал аз байн мебарад
ва савганд ба Аллоҳ, ки агар Худованд ба василаат як мардро ҳидоят кунад, бароят аз шутурҳои сурх беҳтар аст." (шутури сурхмуй аз боарзиштарин молу матоъи арабҳо буд)
Тақвои Парвардигоратонро пеша созед, намозҳои панҷгонаи худро бихонед, моҳи Рамазонро рӯза гиред, закоти молҳоятонро бипардозед ва аз валӣ амри худ итоат кунед, то ба биҳишти Парвардигоратон ворид шавед
Оё шуморо аз беҳтарин амалҳоятон, поктарин дар назди подшоҳи шумо (Аллоҳи Мутаъол), таъсирноктарин амалатон дар боло бурдани мартабаатон, огоҳ насозам
Биниаш ба хок олуда бод, боз ҳам биниаш ба хок олуда бод, боз ҳам биниаш ба хок олуда бод!" Гуфтанд: Чӣ касе эй Расули Аллоҳ? Фармуд: "Он ки падару модараш ё яке аз онҳоро дар ҳоли пирӣ дарёбад ва (ба сабаби некӣ накардан ба онҳо) вориди биҳишт нашавад
Шабе, ки манро ба осмонҳо бурданд (шаби Исро ва Меъроҷ), Иброҳим (алайҳис-салом)-ро дидам, ки ба ман гуфт: Эй Муҳаммад, ба умматат аз номи ман салом бирасон ва онҳоро хабар деҳ, ки биҳишт хокаш пок ва обаш ширин аст
Агар чунин бошӣ, ки мегӯӣ, гӯё хокистардоғро ба эшон мехӯронӣ (яъне, эшон гунаҳгор мешаванд) ва то ҳамин тавр бошӣ, ҳамеша Худованд туро бар эшон ёрӣ хоҳад дод
Ҳар гурӯҳе аз маҷлисе бархезанд ва дар он маҷлис Худовандро зикр накарда бошанд, гӯё аз лошаи хари мурдае бархостаанд ва он маҷлис барои онҳо сабаби ҳасрат (пушаймонӣ) хоҳад шуд
Эй мардум! Салом гуфтанро паҳн кунед, таом бидиҳед, робитаи хешовандиро нигоҳ доред, шабҳо ҳангоми хоб будани мардум намоз хонед, бо осоиш ва саломатӣ (бидуни ҳеҷ ранҷе) ба биҳишт дохил мешавед
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба Абубакр ва Умар (разияллоҳу анҳумо) фармуд: "Ин ду нафар бузургони миёнсолони аҳли биҳиштанд аз аввалинҳо ва охиринҳо, ғайр аз паёмбарон ва расулон
Эй Расули Худо! Ман ба тамоми анвоъи аз гуноҳон даст задаам (оё Худованд тавбаи манро мепазирад?) Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Оё гувоҳӣ медиҳӣ, ки нест худое бар ҳақ магар Аллоҳ, ва инки Муҳаммад расули Аллоҳ аст?
Амалҳо шаш (даста) ҳастанд, ва мардум чаҳор (даста) ва сипас ду воҷиб аст, мисл ба мисл аст ва як ҳасана (некӣ) баробар аст ба даҳ ҳасанаи ҳаммислаш, як ҳасана баробар аст ба ҳафтсад ҳасана
Аз нишонаҳои қиёмат он аст, ки илм аз байн меравад ва ҷаҳлу нодонӣ зиёд мегардад, зино ва шаробнӯшӣ бештар ривоҷ меёбад, мардон кам ва занон зиёд мешаванд, то инки барои панҷоҳ зан як сарпараст (мард) мерасад
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ишора ба матлабе кард ва фармуд:" Он ҳангоми аз байн рафтани илм аст
Оё яке аз шумо дӯст дорад, ки вақте назди хонаводаи худ бармегардад, онҷо се шутури ҳомиладори фарбеҳро биёбад?
Ба соҳиби Қуръон (касе ки Қуръонро ҳифз карда ва ба он амал мекунад) гуфта мешавад: бихон ва соҳиби манзилати боло бишав, Қуръонро бо тартил бихон, чунончи дар дунё онро бо тартил мехондӣ, зеро ҷойгоҳ ва манзилати ту назди охирин ояте аст, ки мехонӣ
Касе, ки Қуръонро ошкор мехонад монанди касе аст, ки садақаро ошкор медиҳад, ва касе, ки Қуръонро пинҳон мехонад монанди касе аст, ки садақаро пинҳон медиҳад
даҳ оятро аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) меомӯхтанд ва пас аз худ кардани маъно ва мафоҳим ва амал кардан ба он, сипас ба фарогирии даҳ ояти дигар мепардохтанд
Эй Абумунзир, оё медонӣ кадом оят аз китоби Аллоҳ, ки ту фаро гирифтаи бузургтар аст?" Мегӯяд: гуфтам: (Аллоҳу ло илоҳа илло ҳува -алҳайю-алқайюм (Бақара: 255). Паёмбари Худо бар қафаси синаам зад ва гуфт: "Худованд илматро бештар гардонад эй Абумунзир
Он шайтоне аст, ки номаш Хинзаб аст, пас ҳар вақт эҳсосаш кардӣ, аз ӯ ба Аллоҳ паноҳ бибар (Аъузу биллоҳ бигӯ) ва се бор ба тарафи чапат туф бикун
Ба дурустӣ, ки Худованд танҳо он амалеро мепазирад, ки холисона барои Ӯ анҷом дода шуда бошад ва бо он танҳо розигии Худованд талаб карда шуда бошад
Ҳар гоҳ ки инсон бимирад, ҳамаи аъмолаш қатъ мешавад (савобаш қатъ мегардад), магар аз се чиз: Садақаи ҷория, илме, ки аз он манфиат бардошта мешавад, Фарзанди солеҳе, ки барои ӯ дуо мекунад
Оё Худои Таъоло барои шумо имкони чизе садақа карданро надодааст?! Ба дурустӣ ба ҳар бор "субҳоналлоҳ" гуфтан садақа аст; ва ба ҳар бор "Аллоҳу Акбар" гуфтан садақа аст; ва ба ҳар бор "алҳамдулиллоҳ" гуфтан садақа аст; ва ба ҳар бор "ло илоҳа иллаллоҳ" гуфтан садақа аст; ва амри маъруф кардан садақа аст; ва наҳйи мункар кардан садақа аст; ва дар муошират кардани ҳар яки шумо бо ҳамсаронатон садақа аст
Ҳар ки яке аз мушкилоти муъминеро дар дунё дур созад, Худои Таъоло сахтие аз сахтиҳои рӯзи қиёматро аз ӯ дур месозад