1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фиқҳ ва усули фиқҳ

Ҳадис Ҳар гоҳ ки инсон бимирад, ҳамаи аъмолаш қатъ мешавад (савобаш қатъ мегардад), магар аз се чиз: Садақаи ҷория, илме, ки аз он манфиат бардошта мешавад, Фарзанди солеҳе, ки барои ӯ дуо мекунад

عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رضي الله عنه أَنَّ رَسُولَ اللهِ صلى الله عليه وسلم قَالَ:
«إِذَا مَاتَ الْإِنْسَانُ انْقَطَعَ عَنْهُ عَمَلُهُ إِلَّا مِنْ ثَلَاثَةٍ: إِلَّا مِنْ صَدَقَةٍ جَارِيَةٍ، أَوْ عِلْمٍ يُنْتَفَعُ بِهِ، أَوْ وَلَدٍ صَالِحٍ يَدْعُو لَهُ».

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбари Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Ҳар гоҳ ки инсон бимирад, ҳамаи аъмолаш қатъ мешавад (савобаш қатъ мегардад), магар аз се чиз: Садақаи ҷория, илме, ки аз он манфиат бардошта мешавад, Фарзанди солеҳе, ки барои ӯ дуо мекунад."

Саҳеҳ رواه مسلم Саҳеҳ Муслим - 1631

Шарҳ

Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки амали инсон бо марги ӯ қатъ мегардад, дигар савобе ба ӯ намерасад, магар дар се ҳолат, ки дар онҳо худи ӯ сабабгор будааст:
Аввал: садақае, ки савобаш ҷорӣ ва давомнок аст ва қатъ намешавад, мисли вақф, бино кардани масҷид, кандан ва омода кардани чоҳи об ва ғайра.
Дувум: илмеро, ки мардум аз он баҳра мебаранд, мисли таълифи китобҳои илмӣ, омӯзонидани илм ба дигар шахс, ки баъд аз марги ӯ ин шахс он илмро нашр кунад.
Севум: фарзанди солеҳ ва муъмин, ки барои падару модараш дуо мекунад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Олимони Ислом иттифоқ доранд, ки баъд аз марги инсон амале, ки барояш савоб мерасонад, иборат аст аз: садақаи ҷория, илме, ки дигарон аз он баҳра мебаранд ва дуо (и фарзанди солеҳ, ё дуои дигарон барои ӯ). Дар дигар ҳадисҳо омадааст: ҳамчунон ҳаҷ (агар касе ба номи ӯ анҷом диҳад).
  2. Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) махсус ин се чизро зикр карданд, зеро онҳо асоси тамоми некиҳо ҳастанд ва бештарин чизеанд, ки аҳли фазлу некӣ кӯшиш мекунанд пас аз маргашон монда шавад, то савобаш идома ёбад.
  3. Ҳар гуна илме, ки муфид бошад ва мардум аз он баҳра бигиранд, барои соҳиби он пас аз маргаш савоб мерасад. Вале болотарин ва афзалтарини он, илми шаръӣ ва илмҳое мебошанд, ки дар расидан ба он (илми шаръӣ) кумак мекунанд.
  4. Дар байни ин се чиз (садақаи ҷория, илм, фарзанди солеҳ) илм фоидаовартарини онҳо аст. Зеро илм ба шахсе, ки онро меомӯзад фоида мерасонад, бо илм шариат ҳифз мешавад, фоидаи илм умумӣ ва доимист. Он шомилтар ва умумитар аст, зеро аз илмат ҳам дар замони зинда буданат ва ҳам баъди маргат омухта мешавад.
  5. Тарғибу ташвиқ ба тарбияи фарзандони солеҳ, зеро онҳо дар охират ба падару модарашон манфиат мерасонанд, аз ҷумла бо дуои нек барои онҳо.
  6. Тарғибу ташвиқ ба некӯкорӣ ба волидайн пас аз вафоти онҳо, ки ин низ аз кори хайр аст ва фарзанд аз он баҳра мебарад.
  7. Дуо барои мурда фоида дорад, ҳатто агар аз фарзанд набошад, вале фарзанд махсус зикр шудааст, зеро одатан то замони вафоти худ барои волидайнаш дуо мекунад.

Намоиши тарҷумаҳо

51 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ID Indonesia الإندونيسية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية