عن خَولة الأنصاريةِ رضي الله عنها قالت: سمعت النبي صلى الله عليه وسلم يقول:
«إِنَّ رِجَالًا يَتَخَوَّضُونَ فِي مَالِ اللهِ بِغَيْرِ حَقٍّ، فَلَهُمُ النَّارُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ».
[صحيح] - [رواه البخاري] - [صحيح البخاري: 3118]
المزيــد ...
Аз Хавлаи Ансорӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам ки мегуфт:
"Мардоне ҳастанд, ки ба ноҳақ ба моли Худо даст мезананд, пас барои онҳо рӯзи қиёмат оташи ҷаҳаннам аст".
[صحيح] - [رواه البخاري] - [Саҳеҳ Бухорӣ - 3118]
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз ҳоли касоне хабар додааст, ки моли мусалмононро ба ноҳақ мегиранд ва зери тасарруфи худ меоранд, яъне аз роҳи ғайри ҳалол ва нораво онро ҷамъ меорад ва онро дар ҷои худ сарф намекунад, ба монанди моли ятимон, амволи вақф, хиёнат дар амонат ва гирифтани мол аз буҷаи умумӣ.
Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар доданд, ки подоши онон дар рӯзи қиёмат оташи дӯзах аст.