عَنْ أَبِي سَعِيدٍ الْخُدْرِيِّ وَعَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رضي الله عنهما عَنِ النَّبِيِّ صلى الله عليه وسلم قَالَ:
«مَا يُصِيبُ الْمُسْلِمَ مِنْ نَصَبٍ وَلَا وَصَبٍ وَلَا هَمٍّ وَلَا حُزْنٍ وَلَا أَذًى وَلَا غَمٍّ حَتَّى الشَّوْكَةِ يُشَاكُهَا إِلَّا كَفَّرَ اللهُ بِهَا مِنْ خَطَايَاهُ».
[صحيح] - [متفق عليه] - [صحيح البخاري: 5641]
المزيــد ...
Аз Абусаъиди Худрӣ ва аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Ҳеҷ ранҷ, беморӣ, нигаронӣ, нороҳатӣ, озор ва ғаму андуҳе ба мусалмон намерасад ва ҳатто хоре дар пояш фурӯ намеравад, магар ин ки Аллоҳ Таъоло баъзе аз гуноҳонашро ба сабаби он мебахшад."
[Саҳеҳ] - [متفق عليه] - [Саҳеҳ Бухорӣ - 5641]
Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд, ки ҳар беморӣ, ташвиш, ғам, ранҷ, бадбахтӣ, сахтӣ, тарс ва гуруснагӣ ба мусалмон гирифтор намешавад - ҳатто агар хоре бар ӯ занад ва ӯро дард диҳад - магар ин ки каффораи гуноҳон ва сабаби покии хатоҳояш мешавад.