+ -

عن أبي هريرة رضي الله عنه أن رسول الله صلى الله عليه وسلم قال:
«حُجِبَتِ النَّارُ بِالشَّهَوَاتِ، وَحُجِبَتِ الْجَنَّةُ بِالْمَكَارِهِ».

[صحيح] - [رواه البخاري] - [صحيح البخاري: 6487]
المزيــد ...

Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
"Дӯзах бо шаҳватҳо иҳота шудааст ва биҳишт бо нохӯшояндҳо".

[صحيح] - [رواه البخاري] - [Саҳеҳ Бухорӣ - 6487]

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён фармуданд, ки дӯзах бо чизҳое иҳота шудааст, ки нафси инсон ба он майл дорад, монанди корҳои ҳаром ва кӯтоҳӣ дар анҷоми воҷибот. Бинобар ин ҳар касе пайравӣ аз ҳаво ва нафси худ кунад сазовори дӯзах мегардад, Биҳишт бо чизҳое иҳота шудааст, ки нафси инсониро аз он хӯш намеояд, ба монанди сабр дар анҷоми амалҳо ва даст кашидан аз ҳаром. Пас ҳар касе талош варзад то худро аз он боздорад, сазовори дохил шудан ба биҳишт мегардад.

Тарҷума: Англисӣ Урду Испонӣ Индонезӣ Уйғурӣ Бангладешӣ Фаронсавӣ Туркӣ Русӣ Боснӣ Синҳолӣ Ҳиндӣ Хитоӣ Форсӣ Ветнамӣ Тагалогӣ Курдӣ Ҳауса Португалӣ Малаялам Телугу Савоҳили Томилӣ Бурмӣ Таиландӣ Олмонӣ Ҷопонӣ Пашту Осомӣ Албанӣ Суедӣ Амҳарӣ Голландӣ Гуҷратӣ Қирғизӣ Непалӣ Юрба Литвонӣ Дарӣ Сербӣ Сумолӣ Кинёрвондӣ Румонӣ Маҷорӣ Чехӣ الموري Малагашӣ Итолёвӣ Урумӣ Канада الولوف البلغارية Озарӣ الأكانية Узбекӣ Украинӣ الجورجية اللينجالا المقدونية
Намоиши тарҷумаҳо

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Яке аз сабабҳои воқеъ шудан дар шаҳватҳо, зебо ҷилва додани амалҳои зишту мункар аз ҷониби шайтон аст, то нафси инсон ба он бештар майл кунад.
  2. Фармони дурӣ аз ҳавову ҳавасҳое, ки шариат ҳаром гардонидааст, зеро он роҳе аст ба сӯи ҷаҳаннам, ва сабр бар сахтиҳо, ки он роҳе ба сӯи биҳишт аст.
  3. Фазилати ҷиҳод бо нафс, ва талош дар анҷоми ибодатҳо ва сабр бар сахтӣ ва машаққатҳое, ки атрофи ибодатҳоро фаро гирифтаанд.
Бештар