1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фиқҳ ва усули фиқҳ

Ҳадис Эй мардум! Салом гуфтанро паҳн кунед, таом бидиҳед, робитаи хешовандиро нигоҳ доред, шабҳо ҳангоми хоб будани мардум намоз хонед, бо осоиш ва саломатӣ (бидуни ҳеҷ ранҷе) ба биҳишт дохил мешавед

عَنْ عَبْدُ اللَّهِ بْنُ سَلَامٍ رضي الله عنه قَالَ: لَمَّا قَدِمَ النَّبِيُّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ الْمَدِينَةَ انْجَفَلَ النَّاسُ قِبَلَهُ، وَقِيلَ: قَدِمَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، قَدِمَ رَسُولُ اللَّهِ، قَدِمَ رَسُولُ اللَّهِ، ثَلَاثًا، فَجِئْتُ فِي النَّاسِ لِأَنْظُرَ، فَلَمَّا تَبَيَّنْتُ وَجْهَهُ، عَرَفْتُ أَنَّ وَجْهَهُ لَيْسَ بِوَجْهِ كَذَّابٍ، فَكَانَ أَوَّلُ شَيْءٍ سَمِعْتُهُ تَكَلَّمَ بِهِ أَنْ قَالَ:
«يَا أَيُّهَا النَّاسُ، أَفْشُوا السَّلَامَ، وَأَطْعِمُوا الطَّعَامَ، وَصِلُوا الْأَرْحَامَ، وَصَلُّوا بِاللَّيْلِ وَالنَّاسُ نِيَامٌ، تَدْخُلُوا الْجَنَّةَ بِسَلَامٍ».

Аз Абдуллоҳ ибни Салом (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Ҳангоме ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба шаҳри Мадина омад, мардум зуд ба пешвози ӯ шитофтанд ва мегуфтанд: Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омад! Расули Худо омад! Се маротиба. Ман низ миёни мардум баромадам, то ӯро бубинам. Вақте ки ба рӯяш нигоҳ кардам, фаҳмидам, ки рӯи ӯ рӯи дурӯғгӯ нест. Аввалин чизе, ки аз забони мубораки ӯ шунидам, ин буд:
"Эй мардум! Салом гуфтанро паҳн кунед, таом бидиҳед, робитаи хешовандиро нигоҳ доред, шабҳо ҳангоми хоб будани мардум намоз хонед, бо осоиш ва саломатӣ (бидуни ҳеҷ ранҷе) ба биҳишт дохил мешавед."

Саҳеҳ رواه الترمذي وابن ماجه وأحمد Сунани ибни Моҷаҳ - 3251

Шарҳ

Ҳангоме ки Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба шаҳри Мадина омад, мардум ба истиқболи Ӯ шитофтанд. Аз ҷумла, Абдуллоҳ ибни Салом (разияллоҳу анҳу), ки яке аз олимони яҳуд буд, ба назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омад, то Ӯро бубинад. Вақте ки ба рӯи Паёмбар нигарист, фаҳмид, ки ин чеҳра, чеҳраи як дурӯғгӯй нест, зеро чеҳраи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нуронӣ, зебо ва дорои ҳайбати содиқона буд. Аввалин сухане, ки аз забони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шунид, ин буд, мардумро ба амалҳое ташвиқ мекунад, ки сабаби ворид шудан ба биҳишт ҳастанд, аз ҷумла:
Аввал: Паҳн кардани саломи исломӣ, изҳор кардани он ва зиёд гуфтанаш ба ҳар кас, чи мешиносӣ ё намешиносӣ.
Дуюм: Таом додан ба дигарон, бо садақа додан ё туҳфа ё меҳмондорӣ кардан.
Сеюм: Пайванд хешовандиро нигоҳ доштан, онҳое, ки аз ҷониби падар ё модар бо ту қаробати хешутаборӣ доранд.
Чаҳорум: Хондани намози қиёми лайл (нафл) дар шаб, ҳангоме ки мардум хобанд.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Паҳн кардани салом дар байни мусалмонон мустаҳаб аст. Аммо ба ғайримусалмон дар ибтидо салом гуфта намешавад. Агар ӯ бо гуфтани "Ассалому алайкум" салом диҳад, дар ҷавоб "Ва алайкум", гуфта мешавад.

Намоиши тарҷумаҳо

52 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية