+ -

عن أبي هريرة رضي الله عنه قال: قال رسول الله صلى الله عليه وسلم:
«لَا تَجْعَلُوا بُيُوتَكُمْ قُبُورًا، وَلَا تَجْعَلُوا قَبْرِي عِيدًا، وَصَلُّوا عَلَيَّ؛ فَإِنَّ صَلَاتَكُمْ تَبْلُغُنِي حَيْثُ كُنْتُمْ».

[حسن] - [رواه أبو داود] - [سنن أبي داود: 2042]
المزيــد ...

Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:
"Хонаҳои худро монанди қабристон насозед, қабри маро ҷашнгоҳ қарор надиҳед, бар ман дуруд бифиристед, зеро дуруди шумо ҳар ҷое бошед ба ман мерасад".

[حسن] - [رواه أبو داود] - [Сунани Абудовуд - 2042]

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз маҳрум сохтани хонаҳо аз намоз, ба монанди қабристон, ки наметавон дар он намоз гузошт, наҳй фармуданд. Паёмбари Худо ба таври ҳамешагӣ зиёрати қабри худ ва ҷамъ шудан ба шакли мунтазам назди онро наҳй фармуданд, зеро он василае ба сӯи ширк аст, ва ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) амр фармудаанд, ки дар ҳар ҷое аз курраи замин бошед барояш дуруд бифиристед, зеро дуруди шумо чи аз дур ва чи аз наздик барояш яксон мерасад ва ниёз ба зиёрати ҳамешагии оромгоҳ ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нест.

Тарҷума: Англисӣ Урду Испонӣ Индонезӣ Уйғурӣ Бангладешӣ Фаронсавӣ Туркӣ Русӣ Боснӣ Синҳолӣ Ҳиндӣ Хитоӣ Форсӣ Ветнамӣ Тагалогӣ Курдӣ Ҳауса Португалӣ Малаялам Телугу Савоҳили Томилӣ Бурмӣ Таиландӣ Олмонӣ Ҷопонӣ Пашту Осомӣ Албанӣ Суедӣ Амҳарӣ Голландӣ Гуҷратӣ Қирғизӣ Непалӣ Юрба Литвонӣ Дарӣ Сербӣ Сумолӣ Кинёрвондӣ Румонӣ Маҷорӣ Чехӣ الموري Малагашӣ Итолёвӣ Урумӣ Канада الولوف البلغارية Озарӣ الأكانية Узбекӣ Украинӣ الجورجية اللينجالا المقدونية
Намоиши тарҷумаҳо

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Наҳй аз маҳрум сохтани хонаҳо аз намоз ва ибодати Аллоҳ Таъоло дар онҳо.
  2. Манъи сафар ба қасди зиёрати фақат қабри Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), зеро ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) моро дастур ба дуруд фиристодан намуданд, ки он дар ҳар куҷое аз дунё бошем ба ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мерасад, аммо сафар ба қасди зиёрати масҷиди набавӣ ва намоз хондан дар он ҷоиз аст.
  3. Ҷашнгоҳ гирифтани қабри Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва зиёрати бардавоми он ба таври махсус ва дар замони махсус, ва зиёрати ҳар қабри дигаре, ноҷоиз ва ҳаром аст.
  4. Машрӯъияти салом ва дуруд фиристодан бар Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ ба ӯ бод) далели иззат ва каромати ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) назди Парвардигор аст.
  5. Чун тарки намоз назди қабрҳо барои саҳобагон амри муқаррарӣ шуд, Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз нагузоштани намоз дар хонаҳо наҳй фармуданд, то хонаҳо низ монанди қабристоне набошанд, ки дар он намоз хонда намешавад.