عن ابْنِ عُمَرَ رضي الله عنهما أنه سَمِعَ رَجُلًا يَقُولُ: لَا وَالْكَعْبَةِ، فَقَالَ ابْنُ عُمَرَ: لَا يُحْلَفُ بِغَيْرِ اللَّهِ، فَإِنِّي سَمِعْتُ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَقُولُ:
«مَنْ حَلَفَ بِغَيْرِ اللهِ فَقَدْ كَفَرَ أَوْ أَشْرَكَ».
[صحيح] - [رواه أبو داود والترمذي وأحمد] - [سنن الترمذي: 1535]
المزيــد ...
Аз ибни Умар (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки ӯ мардеро дид, ки мегуфт: савганд ба Каъба, Ибни Умар гуфт: ғайр аз Аллоҳ ба чизе дигар савганд ёд карда намешавад, зеро ман Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт:
"Ҳар касе ба ғайр аз Аллоҳ савганд ёд кунад, ё кофир шудааст ё ширк варзидааст".
[صحيح] - [رواه أبو داود والترمذي وأحمد] - [Сунани Тирмизӣ - 1535]
Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд, ки ҳар касе ба ғайр аз Аллоҳ ва ному сифатҳои Ӯ Таъоло савганд ёд кунад куфр ба Аллоҳ ва ё ширк варзидааст, зеро савганд ба чиз ё ба касе маънои бузургдошт ва таъзими онро дорад, дар ҳоле, ки таъзим ва бузургдошт танҳо барои Аллоҳ аст. Пас бояд танҳо ба Аллоҳ ва ному сифатҳои Ӯ Таъоло савганд ёд карда шавад. Савганд ёд кардан ба ғайр аз Аллоҳ ширки асғар аст, аммо ончи ба номаш савганд ёд мекунадро баробар ба Аллоҳ ё зиёдтар аз Ӯ Таъоло бузург бидонад муртакиби ширки акбар шудааст.