Дастабандӣ: Ақида . Номҳо ва аҳком .
+ -

عن بعض أزواج النبي صلى الله عليه وسلم عن النبي صلى الله عليه وسلم قال:
«مَنْ أَتَى عَرَّافًا فَسَأَلَهُ عَنْ شَيْءٍ لَمْ تُقْبَلْ لَهُ صَلَاةٌ أَرْبَعِينَ لَيْلَةً».

[صحيح] - [رواه مسلم] - [صحيح مسلم: 2230]
المزيــد ...

Аз баъзе ҳамсарони Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
"Ҳар кас назди арроф (фолбин-пешгӯянда) равад ва аз ӯ чизе бипурсад, чиҳил шаб намозаш қабул намешавад"

[صحيح] - [رواه مسلم] - [Саҳеҳ Муслим - 2230]

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз рафтан ба назди арроф ҳушдор медиҳад. Арроф -ҳамон мунаҷҷим, коҳин ва раммол ва монанди инҳо аст, касоне ки бо гуфтани баъзе аз суханон иддиои илми ғайб мекунанд-. Пурсидани умури ғайбӣ аз чунин ашхос сабаб мешавад Аллоҳ инсонро аз савоби чиҳил рӯз намозаш маҳрум бигардонад, ки ин муҷозоте аст барои ин гуноҳи бузург. Мунаҷҷим ё ситорашинос касе аст, ки бар асоси бурҷҳо ва қарор гирифтани ситораҳо иддиои ғайбгуӣ ва пешбинии ояндаро мекунанд.

Тарҷума: Англисӣ Урду Испонӣ Индонезӣ Уйғурӣ Бангладешӣ Фаронсавӣ Туркӣ Русӣ Боснӣ Синҳолӣ Ҳиндӣ Хитоӣ Форсӣ Ветнамӣ Тагалогӣ Курдӣ Ҳауса Португалӣ Малаялам Телугу Савоҳили Томилӣ Бурмӣ Таиландӣ Олмонӣ Ҷопонӣ Пашту Осомӣ Албанӣ Суедӣ Амҳарӣ Голландӣ Гуҷратӣ Қирғизӣ Непалӣ Юрба Литвонӣ Дарӣ Сербӣ Сумолӣ Кинёрвондӣ Румонӣ Маҷорӣ Чехӣ الموري Малагашӣ Итолёвӣ Урумӣ Канада الولوف البلغارية Озарӣ Украинӣ الجورجية
Намоиши тарҷумаҳо

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Фолбинӣ ва рафтан ба назди фолбинҳо ва пурсидани онҳо аз ғайбиёт ҳаром аст.
  2. Мумкин аст инсон ҳамчун муҷозот барои гуноҳаш аз савоби тоъатҳои худ маҳрум шавад.
  3. Нигаристан ба бурҷҳо (бурҷҳои фалакӣ), ба кафи даст ва дар пиёла хондан -ҳатто агар барои маълумот ва кунҷкобӣ бошад- низ шомили ин ҳукм аст, зеро ин ҳама навъе аз фолбинӣ ва иддиои илми ғайб ҳастанд.
  4. Агар ин муҷозоти касе аст, ки назди фолбин меравад, пас муҷозоти шахси фолбин чигуна аст?
  5. Намози чиҳил рӯзи ӯ дуруст ва ниёз ба қазо доштан нест, аммо савоб надорад.
Дастабандишудаҳо