عَنْ مَحْمُودِ بْنِ لَبِيدٍ رضي الله عنه أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ:
«إِنَّ أَخْوَفَ مَا أَخَافُ عَلَيْكُمُ الشِّرْكُ الْأَصْغَرُ» قَالُوا: وَمَا الشِّرْكُ الْأَصْغَرُ يَا رَسُولَ اللهِ؟ قَالَ: «الرِّيَاءُ، يَقُولُ اللهُ عز وجل لَهُمْ يَوْمَ الْقِيَامَةِ إِذَا جُزِيَ النَّاسُ بِأَعْمَالِهِمْ: اذْهَبُوا إِلَى الَّذِينَ كُنْتُمْ تُرَاؤُونَ فِي الدُّنْيَا، فَانْظُرُوا هَلْ تَجِدُونَ عِنْدَهُمْ جَزَاءً؟».
[حسن] - [رواه أحمد] - [مسند أحمد: 23630]
المزيــد ...
Аз Маҳмуд ибни Лабид (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Дар ҳақиқат бештарин чизе, ки аз он бар шумо метарсам, ширки хурд аст." Гуфтанд: Ширки хурд чист эй Расули Аллоҳ? Гуфт: "Риё (худнамоӣ) Аллоҳ Таъоло рӯзи қиёмат, ҳангоме ки мардум подоши амалҳояшонро мегиранд, ба онон (риёкорон) мегӯяд: Ба назди касоне биравед, ки дар дунё барои онон риё ва худнамоӣ мекардед ва бубинед, ки оё назди онон подоше меёбед?"
[Ҳасан] - [رواه أحمد] - [Муснади Аҳмад - 23630]
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) моро хабар медиҳад, чизе, ки барои умматаш бештар метарсад, ширки хурд аст, ки он риё мебошад. Риё корест, ки ба хотири мардум ва худнишондиҳӣ анҷом дода мешавад (то ин ки мардум гӯянд, ӯ одами хуб аст ва корҳои нек мекунад). Сипас дар бораи азоби риёкорон дар рӯзи қиёмат хабар дод, ки ба онҳо гуфта мешавад: Ба назди касоне, ки барои онҳо кори "нек" анҷом медодед, биравед ва бубинед, ки оё тавони мукофоти шуморо доранд ва дар баробари он кор бароятон подош диҳанд?!