Дар ҳақиқат бештарин чизе, ки аз он бар шумо метарсам, ширки хурд аст." Гуфтанд: Ширки хурд чист эй Расули Аллоҳ? Гуфт: "Риё
Худоё ҳар касе масъулияте бар умматамро бар уҳда гирифт ва бар онон сахтгирӣ намуд, бар ӯ сахтгир бош ва ҳар касе масъулияте бар умматамро ба уҳда гирифт ва бар онон меҳрубонӣ кард, Ту низ бар ӯ меҳрубон ва осонгир бош
Ман ҳеҷ гоҳ надидаам, ки Паёмбари Худо (cаллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар хандидан зиёдаравӣ кунад, (ва даҳонаш боз бимонад) ки даруни даҳонаш намоён шавад, балки ҳангоми хандидан фақат табассум мекард
Оё ба шумо дар бораи Даҷҷол чизе нагӯям, ки ҳеҷ паёмбаре ба қавми худ нагуфтааст? Ӯ кӯр ва якчашма аст ва бо худ чизе ба монанди биҳишту дӯзах меорад
Шарму ҳаёи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз духтари бокирае, ки дар хилвати худ аст, бештар буд. Агар чизеро медид ва барояш нописанд мебуд, асари онро мо дар чеҳрааш эҳсос мекардем
Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) саховатмандтарини одамон буданд. Дар моҳи Рамазон ҳангоме ки Ҷабраил (алайҳис-салом) мулоқоташ меомад, аз ҳар замоне саховатмандтар мешуд