1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фиқҳ ва усули фиқҳ

Ҳадис Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) саховатмандтарини одамон буданд. Дар моҳи Рамазон ҳангоме ки Ҷабраил (алайҳис-салом) мулоқоташ меомад, аз ҳар замоне саховатмандтар мешуд

عَنِ ابْنِ عَبَّاسٍ رضي الله عنهما قَالَ:
كَانَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ أَجْوَدَ النَّاسِ، وَكَانَ أَجْوَدُ مَا يَكُونُ فِي رَمَضَانَ حِينَ يَلْقَاهُ جِبْرِيلُ، وَكَانَ يَلْقَاهُ فِي كُلِّ لَيْلَةٍ مِنْ رَمَضَانَ فَيُدَارِسُهُ القُرْآنَ، فَلَرَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ أَجْوَدُ بِالخَيْرِ مِنَ الرِّيحِ المُرْسَلَةِ.

Аз ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт:
Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) саховатмандтарини одамон буданд. Дар моҳи Рамазон ҳангоме ки Ҷабраил (алайҳис-салом) мулоқоташ меомад, аз ҳар замоне саховатмандтар мешуд, Ҷабраил (алайҳис-салом) ҳар шаби моҳи Рамазон бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мулоқот мекард ва Қуръонро такрор мекарданд. Саховатмандии Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар хайру хубиҳо аз боди вазанда дида бештар буд.

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Бухорӣ - 6

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бахшандатарини мардумон буд. Бахшиданҳои ӯ дар моҳи Рамазон бештар мешуд, зеро он чизе, ки сазовори бахшидан буд, ба касе, медод, ки сазовори он бахшиш буд. Сабаб бештар шудани саховатмандиаш дар моҳи Рамазон ду чиз буд:
Якум: Мулоқоти Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо Ҷабраил (алайҳис-салом).
Дувум: Мулоҳиза ва такрори Қуръон бо Ҷабраил (алайҳис-салом), яъне хондани Қуръон аз ҳифз.
Ҷабраил (алайҳис-салом) бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳамаи он оятҳоеро, ки аз Қуръон нозил шуда буд, бо ӯ мехонд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар саховатмандӣ, бахшандагӣ, анҷоми корҳои нек ва манфиатрасонӣ ба мардум аз боди хубе, ки Худованд бо борону раҳмат мефиристод, бештар ва сареътар фоида мерасонд.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Баёни саховатмандии Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва бахшандагии зиёди ӯ, бахусус дар моҳи Рамазон, ки моҳи ибодатҳо ва фасли савобу некӯкориҳост.
  2. Ташвиқ ба саховат ва бахшиш дар ҳама вақтҳо, вале дар моҳи Рамазон афзоиш додани он мустаҳаб аст.
  3. Зиёд кардани бахшишу саховат, некӯкорӣ ва тиловати Қуръон дар моҳи Рамазон.
  4. Яке аз сабабҳои ҳифзи илм, омӯзиш ва такрору мудорасаи он бо шогирдону олимон аст.

Намоиши тарҷумаҳо

53 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية