عَنْ سَعْدٍ رضي الله عنها قَالَ:
جَاءَ أَعْرَابِيٌّ إِلَى رَسُولِ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، فَقَالَ: عَلِّمْنِي كَلَامًا أَقُولُهُ، قَالَ: «قُلْ: لَا إِلَهَ إِلَّا اللهُ وَحْدَهُ لَا شَرِيكَ لَهُ، اللهُ أَكْبَرُ كَبِيرًا، وَالْحَمْدُ لِلَّهِ كَثِيرًا، سُبْحَانَ اللهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ، لَا حَوْلَ وَلَا قُوَّةَ إِلَّا بِاللهِ الْعَزِيزِ الْحَكِيمِ» قَالَ: فَهَؤُلَاءِ لِرَبِّي، فَمَا لِي؟ قَالَ: «قُلْ: اللهُمَّ اغْفِرْ لِي وَارْحَمْنِي وَاهْدِنِي وَارْزُقْنِي».
المزيد
Аз Саъд (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:
Аъробие хидмати Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омада гуфт: Сухане ба ман биёмӯз, то онро бигӯям. Фармуд: "Бигӯ: Ло илоҳа иллалоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, Аллоҳу акбару кабиран вал-ҳамдулиллоҳи касиран ва субҳоналлоҳи раббилъоламина ва ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳил-ъазизил-ҳаким".
Тарҷума: "Нест маъбуди барҳақе ҷуз Аллоҳ Таъоло, ки ягона асту шарике надорад ва Худованд бузургтар аст ба бузургӣ. Ҳамди зиёд мар Худовандро бод ва покист мар Худовандеро, ки Парвардигори ҷаҳониён аст. Гардидане аз маъсият ва қудрате бар анҷоми тоат бидуни тавфиқи Худованде, ки ғолибу боҳикмат аст, вуҷуд надорад." Аъробӣ гуфт: Ин барои Парвардигори ман аст, пас барои ман чӣ? Фармуд: "Бигӯ: Аллоҳумма-ғфирлӣ варҳамнӣ ваҳдинӣ варзуқнӣ".
Тарҷума: "Бор Худоё, маро биёмурз, бар ман раҳм кун ва ҳидоятам намо ва рӯзиям ато кун."