عَنْ أَبَانَ بْنِ عُثْمَانَ قَالَ: سَمِعْتُ عُثْمَانَ ابْنِ عَفَّانَ رضي الله عنه يَقُولُ: سَمِعْتُ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَقُولُ:
«مَنْ قَالَ بِسْمِ اللَّهِ الَّذِي لَا يَضُرُّ مَعَ اسْمِهِ شَيْءٌ، فِي الْأَرْضِ، وَلَا فِي السَّمَاءِ، وَهُوَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ، ثَلَاثَ مَرَّاتٍ، لَمْ تُصِبْهُ فَجْأَةُ بَلَاءٍ، حَتَّى يُصْبِحَ، وَمَنْ قَالَهَا حِينَ يُصْبِحُ ثَلَاثُ مَرَّاتٍ، لَمْ تُصِبْهُ فَجْأَةُ بَلَاءٍ حَتَّى يُمْسِيَ»، قَالَ: فَأَصَابَ أَبَانَ بْنَ عُثْمَانَ الْفَالِجُ، فَجَعَلَ الرَّجُلُ الَّذِي سَمِعَ مِنْهُ الْحَدِيثَ يَنْظُرُ إِلَيْهِ، فَقَالَ لَهُ: مَا لَكَ تَنْظُرُ إِلَيَّ؟ فَوَاللَّهِ مَا كَذَبْتُ عَلَى عُثْمَانَ، وَلَا كَذَبَ عُثْمَانُ عَلَى النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، وَلَكِنَّ الْيَوْمَ الَّذِي أَصَابَنِي فِيهِ مَا أَصَابَنِي غَضِبْتُ فَنَسِيتُ أَنْ أَقُولَهَا.
المزيد
Абон ибни Усмон ривоят мекунад, ки аз Усмон ибни Аффон (разияллоҳу анҳу) шунидам, гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мегӯяд:
"Ҳар касе (шаб) се бор бигӯяд: "Бисмиллоҳиллазӣ ло язурру маъасмиҳи шайъун фил-арзӣ ва ла фис-самаӣ, ва ҳувас-самииъул-ъалим."
Тарҷума: "Ба номи Худое, ки бо номи Ӯ чизе дар замин ва осмон зарар намерасонад ва Ӯ Шунаво ва Доно аст", то субҳ ҳеҷ балои ногаҳоние ба ӯ намерасад.
Ҳар касе, ки субҳ се бор ҳаминро бигӯяд, ҳеҷ балои ногаҳоние то шом ба ӯ намерасад." Гуфт: Абон ибни Усмон ба бемории фалаҷ гирифтор шуд. Марде, ки ин ҳадисро аз ӯ шунида буд, ба ӯ менигарист. Ба ӯ гуфт: Чаро ба ман менигарӣ? Қасам ба Аллоҳ, ки бар Усмон дурӯғ нагуфтаам ва на Усмон бар Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дурӯғ гуфтааст. Лекин рӯзе, ки ман ба ин беморӣ гирифтор шудам хашмгин шудам ва фаромӯш кардам ин дуоро бигӯям.