+ -

قال سعد بن هشام بن عامر -عندما دخل على عائشة رضي الله عنها-:
يَا أُمَّ الْمُؤْمِنِينَ، أَنْبِئِينِي عَنْ خُلُقِ رَسُولِ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، قَالَتْ: أَلَسْتَ تَقْرَأُ الْقُرْآنَ؟ قُلْتُ: بَلَى، قَالَتْ: فَإِنَّ خُلُقَ نَبِيِّ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ كَانَ الْقُرْآنَ.

[صحيح] - [رواه مسلم في جملة حديثٍ طويلٍ] - [صحيح مسلم: 746]
المزيــد ...

Саъд ибни Ҳишом ибни Ъомир вақте назди Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) даромад, гуфт:
Эй модари муъминон манро аз ахлоқи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бигӯ! Гуфт: Оё Қуръонро намехонӣ? Гуфт: бале мехонам, гуфт: Ахлоқи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) Қуръон буд.

[صحيح] - [رواه مسلم في جملة حديثٍ طويلٍ] - [Саҳеҳ Муслим - 746]

Шарҳ

Модари муъминон Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) аз ахлоқи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пурсида шуд, ӯ саволдиҳандаро бисёр ба як сухани фарогир, яъне Қуръони карим, ки тамоми сифоти комилро дар худ дорад, посух гуфтанд. Ҳазрати Оиша гуфтанд, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ахлоқи Қуръонро дошт, ончи Қуръон амр фармудааст анҷом медод ва аз ончи наҳй кардааст дурӣ меҷуст, аз ахлоқи ӯ амал карда ба Қуръон ва пойбанд ба аҳкоми он буд, пойбанди тарбияти қуръонӣ буд ва ба амсолу қиссаҳои он эътибор медоданд.

Тарҷума: Англисӣ Урду Испонӣ Индонезӣ Уйғурӣ Бангладешӣ Фаронсавӣ Туркӣ Русӣ Боснӣ Синҳолӣ Ҳиндӣ Хитоӣ Форсӣ Ветнамӣ Тагалогӣ Курдӣ Ҳауса Португалӣ Малаялам Телугу Савоҳили Томилӣ Таиландӣ Олмонӣ Ҷопонӣ Пашту Осомӣ Албанӣ Суедӣ Амҳарӣ Голландӣ Гуҷратӣ Қирғизӣ Непалӣ Юрба Литвонӣ Дарӣ Сербӣ Сумолӣ Кинёрвондӣ Румонӣ Маҷорӣ Чехӣ الموري Малагашӣ Итолёвӣ Канада الولوف البلغارية Озарӣ Украинӣ الجورجية
Намоиши тарҷумаҳо

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Ташвиқ ва тарғиб ба пайравӣ аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар қабули ахлоқи қуръонӣ.
  2. Ситоиши ахлоқи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва инки ахлоқи неки ӯ аз нури ваҳй буд.
  3. Қуръон сарчашмаи тамоми ахлоқи нек аст.
  4. Ахлоқ дар Ислом тамоми дин, яъне анҷом додани дастурот ва дурӣ аз навоҳиро, фаро мегирад.