عن أبي هريرة رضي الله عنه قال:
كان رسولُ الله صلى الله عليه وسلم إذا عَطَس وضَعَ يَدَه -أو ثوبَهُ- على فيهِ، وخَفَضَ -أو غضَّ- بها صوتَهُ.

[صحيح] - [رواه أبو داود والترمذي وأحمد] - [سنن أبي داود: 5029]
المزيــد ...

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:
Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳаргоҳ атса мезад, даст ё либосашро болои даҳонаш мегузошт ва бо он садои худро паст мекард.

[Саҳеҳ] - [رواه أبو داود والترمذي وأحمد] - [Сунани Абудовуд - 5029]

Шарҳ

Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳаргоҳ атса мезад:
Аввал: Дасти худро ё либосашро бар болои даҳон мегузошт, то аз бинӣ ё даҳонаш чизе берун наояд, ки боиси озори ҳамнишинон шавад.
Дуввум: Садои худро паст мекард ва бо садои баланд атса намезад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Баёни роҳу равиши Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар атса задан ва пайравӣ аз ӯ.
  2. Гузоштани даст ё либос ё ягон чиз бар болои даҳон вақти атса задан мустаҳаб аст, то чизе аз даҳон ё бинӣ набарояд ва сабаби озори ҳамнишинон шавад.
  3. Ҳангоми атса задан овозро паст кардан матлуб аст ва ин нишонаи камоли адаб ва аз макорими ахлоқ аст.
Намоиши тарҷумаҳо
Бештар