1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Ақида

Ҳадис Лаънати Аллоҳ бар яҳудиён ва насрониён, (ки) қабрҳои паёмбаронашонро ибодатгоҳ қарор доданд

عن عائشة أم المؤمنين وعبد الله بن عباس رضي الله عنهما قالا:
لَمَّا نَزَلَ بِرَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ طَفِقَ يَطْرَحُ خَمِيصَةً لَهُ عَلَى وَجْهِهِ، فَإِذَا اغْتَمَّ بِهَا كَشَفَهَا عَنْ وَجْهِهِ، فَقَالَ وَهُوَ كَذَلِكَ: «لَعْنَةُ اللَّهِ عَلَى اليَهُودِ وَالنَّصَارَى، اتَّخَذُوا قُبُورَ أَنْبِيَائِهِمْ مَسَاجِدَ» يُحَذِّرُ مَا صَنَعُوا.

Аз Оиша ва Абдуллоҳ ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфтанд:
Ҳангоме ки (малакулмавт ва ҳолоти вафот) бар Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нозил шуд, хамисае (порчаи матоъе) бар чеҳраи худ меандохт ва ҳангоме ки нафасашон танг мешуд онро аз чеҳрааш бардошта ва дар ҳамин ҳол мегуфт: "Лаънати Аллоҳ бар яҳудиён ва насрониён, (ки) қабрҳои паёмбаронашонро ибодатгоҳ қарор доданд". Ва нисбат ба коре, ки анҷом додаанд ҳушдор медоданд.

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Бухорӣ - 435

Шарҳ

Оиша ва ибни Аббос (разияллоҳу анҳум) моро хабар доданд, ки ҳангоме марг ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) наздик шуд, пораи матоъеро ба рӯйи худ мегузошт ва агар нафаскашӣ ба сабаби сакароти мавт барояш душвор мегашт онро аз чеҳрааш дур мекард ва дар он ҳолати сахт гуфт: Худованд яҳуду насороро лаънат кунад ва аз раҳматаш дур кунад. Зеро онон бар сари қабрҳои паёмбаронашон масҷидҳо сохтанд ва агар хатарнокӣ ва аҳамияти ин масъала намебуд, дар чунин шароите онро зикр намекарданд. Барои ҳамин Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) умматашро аз монанд кардан ба онон дар ин кор наҳйи кардаанд. Зеро ин амали яҳудиён ва насрониён аст ва василае аст барои ширк ба Аллоҳи бузург.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Манъи қарор додани қабрҳои паёмбарон ва солеҳон ба монанди масҷидҳое, ки дар он намоз баргузор мешавад. Зеро ин василае ба сӯи ширк аст.
  2. Таваҷҷуҳи шадиди Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва таваҷҷуҳашон ба тавҳид ва тарсашон аз бузургдошти қабрҳо. Зеро ин ба ширк оварда мерасонад.
  3. Яҳудиён ва насрониён ва ҳар касе монанди онон бар болои оромгоҳҳо масҷид месозанд, лаънат карданашон ҷоиз аст.
  4. Бино сохтан бар қабрҳо аз суннати яҳудиён ва насрониён аст. Ва дар ҳадис аз монанд шудан ба онон наҳйи шудааст.
  5. Аз ҷумлаи қарор додани қабрҳо ба унвони масҷид он аст, ки назди ин қабрҳо ва ба сӯи онҳо намоз хонда шавад, ҳатто агар масҷиде бар рӯйи он сохта нашавад.

Намоиши тарҷумаҳо

61 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
FR Français الفرنسية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
JA 日本語 اليابانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
IT Italiano الإيطالية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
BM Bambara البامبارية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
KMR Kurmancî الكرمنجية