Дастабандӣ:

عَنْ أَبِي عَمْرٍو- وَقِيلَ: أَبِي عَمْرَةَ-، سُفْيَانَ بْنِ عَبْدِ اللَّهِ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ قَالَ:
قُلْتُ: يَا رَسُولَ اللهِ، قُلْ لِي فِي الْإِسْلَامِ قَوْلًا لَا أَسْأَلُ عَنْهُ أَحَدًا غَيْرَكَ، قَالَ: «قُلْ: آمَنْتُ بِاللهِ، ثُمَّ اسْتَقِمْ».

[صحيح] - [رواه مسلم] - [الأربعون النووية: 21]
المزيــد ...

Аз Абуамр, дар ривояте, Абуамра Суфён ибни Абдуллоҳ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:
Гуфтам: Эй паёмбари Аллоҳ! Дар мавриди Ислом ба ман сухане бигӯ, ки ҷуз ту аз касе напурсам. Фармуданд: "Бигӯ: Ба Аллоҳ имон овардам, сипас истиқомат биварз (рост бош)".

[صحيح] - [رواه مسلم] - [الأربعون النووية - 21]

Шарҳ

Саҳобии гиромӣ Суфён ибни Абдуллоҳ (Худованд аз ӯ розӣ бод) аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хост, ки барояш суханеро бигӯяд, ки маънои Исломро фарогир бошад, то ба он пойбанд шавад ва дар бораи он аз касе дигар напурсад. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) барояш гуфт: Бигӯ: Аллоҳро ба ягонагӣ шинохтам ва имон овардам, ки Ӯ Парвардигор ва Илоҳ ва Холиқ ва Маъбуди ба ҳаққи ман аст ва шарике надорад. Сипас бо иҷрои фарзҳои Аллоҳ ва тарки ҳаромкардаҳои Ӯ ва пойдорӣ бар он ба итоати Аллоҳ идома медиҳад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Асли дин имон ба Аллоҳ, ба рубубият ва улуҳият ва номҳо ва сифатҳои Ӯ аст.
  2. Аҳамияти истиқомат баъд аз имон овардан, идомаи ибодат ва устувор мондан дар он.
  3. Имон шарти қабули амалҳо аст.
  4. Имон ба Аллоҳ, ҳамаи он чиро, ки эътиқод бар он воҷиб аст, дар бар мегирад. Аз ҷумла, ақоид ва усуле, ки марбут ба имон аст ва ҳар он амалҳои қалбие, ки дар партави ин ақоид бошад. Инчунин дар ҳолати ботинӣ ва зоҳирӣ фармонбардор ва таслим шудан ба Аллоҳ.
  5. Истиқомат, ба маънои мондан дар роҳи рост ва идомаи он бо анҷоми воҷибот ва тарки манҳиёт аст.
Намоиши тарҷумаҳо
Забон: Англисӣ Урду Испонӣ Бештар (68)
Дастабандишудаҳо
Бештар