Ман аз ширк бениёзтарин ҳастам, ҳар кӣ амалеро анҷом диҳад, ки касеро бо Ман дар он шарик месозад, ӯ ва ширкашро ба ҳоли худаш мегузорам
Бидонед ман ба даргоҳи Аллоҳ бароат ҷустаам, ки аз миёни шумо халиле (дӯсте) дошта бошам, зеро Аллоҳ таоло маро халили худ гардонидааст, чунончи Иброҳимро халили худ гардонида буд
Дар ситоиши ман зиёдаравӣ накунед, чунончи насоро дар ситоиши писари Марям зиёдаравӣ карданд, ман бандаи Аллоҳ ҳастам, бинобар ин бигӯед: фиристода ва бандаи Аллоҳ
Хушбахттарини мардум дар рӯзи қиёмат ба шафоати ман касе аст, ки аз самими қалб ва ҷон "Ло илоҳа иллаллоҳ" бигӯяд
Оё туро ба коре нафиристам, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) маро барои анҷоми он фиристода буд? Инки ҳеҷ муҷассамаеро боқӣ нагузорӣ ва ҳар қабри баландро дидӣ онро ҳамвор созӣ
Ҳар касе "Ло илоҳа иллаллоҳ" гӯяд ва ончи ғайр аз Аллоҳ парастиш мешавад инкор кунад, мол ва хунаш ҳаром мешавад ва (боқӣ) ҳисобаш назди Аллоҳ аст
Аллоҳ Таъоло рӯзи қиёмат ба нафаре аз дӯзахиён, ки камтарин азобро дорад, мегӯяд: Агар тамоми чизҳои рӯи заминро медоштӣ, оё онҳоро барои наҷот ёфтан аз оташ фидя медодӣ? Мегӯяд: Бале
Он як калимаи ҳақ аст, ки ҷин онро медуздад ва монанди қуд-қуди мурғ дар гӯши валии худ қарор медиҳад, сипас онҳо сад дурӯғи дигар дар атрофи он меафзоянд
Онҳо мардуме ҳастанд, ки чун бандаи солеҳе ё марди солеҳе аз миёни онҳо бимирад, бар рӯйи қабри ӯ масҷид месозанд
Ҳаққи Худованд бар бандагонаш он аст, ки Ӯро ибодат кунанд ва чизеро шарики Ӯ қарор надиҳанд, ва ҳаққи бандагон бар Худованд он аст, ки Ӯ Таъоло онҳоро дар ҳоле,ки ба Ӯ таъоло шарик қоил нашудаанд азоб надиҳад
Ҳар касе дар ҳоле бимирад, ки ба Худованд шарик наовардааст, вориди биҳишт мешавад, ва ҳар касе дар ҳоле бимирад, ки ба Худованд шарик қоил бошад вориди дӯзах хоҳад шуд
Сирояти беморӣ ва фоли бад ҳақиқат надорад, тафоул ва хушбинӣ бароям писанд аст". Гуфтанд: Фоли нек гирифтан чист? Фармуд: "Сухани некӯ
Пас бар чӣ чизе бо шумо байъат кунем? Фармуд:"Бар ин ки Аллоҳро ибодат кунед ва чизеро ба Ӯ шарик наёваред ва намозҳои панҷгонаро адо кунед. Ва ин ки итоат кунед - ва чизеро паст гуфт нафаҳмидем - ва аз мардум чизе напурсед
марде назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омад ва дар бораи чизе бо ӯ гуфтугӯ кард. Пас гуфт: Он чи Аллоҳ бихоҳад ва ту бихоҳӣ. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Оё манро бо Аллоҳ баробар қарор додӣ? Бигӯ: Танҳо он чи Аллоҳ бихоҳад