1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Ақида

Ҳадис Фариштагон ба хонае, ки дар он саг ё расм (тасвир) бошад, дохил намешаванд

عَنْ أَبِي طَلْحَةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ عَنِ النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ:
«لاَ تَدْخُلُ المَلاَئِكَةُ بَيْتًا فِيهِ كَلْبٌ وَلاَ صُورَةٌ».

Аз Абуталҳа (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Фариштагон ба хонае, ки дар он саг ё расм (тасвир) бошад, дохил намешаванд."

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Бухорӣ - 3322

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки фариштаҳои раҳмат ба хонае, ки дар он саг ё тасвирҳои махлуқоти ҷондор вуҷуд дошта бошад ворид намешаванд. Зеро тасвирҳое, ки дар он рӯҳ бошад, гуноҳи бузург аст. Дар он ташбеҳ ва монанди кардан дар халқи Аллоҳ ва василае аз василаҳои ширк аст. Бархе аз онҳо тасвирҳое ҳастанд, ки ба ҷойи Аллоҳ Таъоло ибодат карда мешаванд. Аммо дар бораи сабаби надаромадани фариштагон ба хонае, ки дар он саг аст, ин аст, ки саг зиёд наҷосатҳоро мехӯрад, баъзе аз сагҳо шайтон номида мешаванд ва фариштагон зидди шайтонҳо ҳастанд. Ҳамчунин саг бӯйи бад ва нафратнок дорад, ки фариштагон онро намеписанданд. Нигоҳубини саг дар хона ҳаром аст, аз ин рӯ, ҳар касе дар хонааш саг мегирад, аз ворид шудани фариштаҳои раҳмат, дуои онҳо, истиғфори онҳо ва баракати хона ва дур кардани зарари шайтон аз худаш маҳрум мешавад, ки ин муҷозоти ӯ аст.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Нигоҳубини саг, ғайр аз саги шикорӣ, саги рама ё саг барои ҳифзи зироат, ҳаром аст.
  2. Гузоштани тасвирҳо аз амалҳои бадест, ки фариштаҳо аз он нафрат доранд ва будани онҳо дар макон сабаби маҳрум шудан аз раҳмат мешавад, ҳамчунин будани саг низ ҳамин хел аст.
  3. Фариштаҳое, ки ба хонаи дорои саг ё тасвир ворид намешаванд, фариштаҳои раҳматанд. Аммо фариштаҳои ҳифзкунанда ва дигарон, мисли фариштаи марг, ба ҳар хона ворид мешаванд.
  4. Овехтани тасвирҳои ҷондор (одамон, ҳайвонот) дар деворҳо ва дигар ҷойҳо ҳаром аст.
  5. Хаттобӣ мегӯяд: Фариштагон вориди хонае, ки дар он саг ва тасвирҳо, ки нигоҳдории онҳо ҳаром аст, намешаванд. Аммо саги шикорӣ, саги хоҷагӣ, рама ва тасвирҳое, ки дар қолин, болишт ва монанди он истифода мешаванд, фариштагонро аз ворид шудан ба он хона манъ намекунанд.

Намоиши тарҷумаҳо

53 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية