عَنْ عَبْدِ اللهِ بنِ مَسْعُودٍ رضي الله عنه قال:
قَالَ النَّبِيُّ صلى الله عليه وسلم كَلِمَةً وَقُلْتُ أُخْرَى، قَالَ النَّبِيُّ صلى الله عليه وسلم: «مَنْ مَاتَ وَهُوَ يَدْعُو مِنْ دُونِ اللهِ نِدًّا دَخَلَ النَّارَ» وَقُلْتُ أَنَا: مَنْ مَاتَ وَهُوَ لَا يَدْعُو لِلهِ نِدًّا دَخَلَ الْجَنَّةَ.
[صحيح] - [متفق عليه] - [صحيح البخاري: 4497]
المزيــد ...
Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) сухане гуфт ва ман сухане гуфтам. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар ки дар ҳоле бимирад, ки ба ҷои Аллоҳ ҳамтоеро фаро мехонд, ба дӯзах медарояд". Ва ман гуфтам: Ҳар ки дар ҳоле бимирад, ки барои Аллоҳ ҳамтоеро фаро нахонад, вориди биҳишт мешавад.
[Саҳеҳ] - [متفق عليه] - [Саҳеҳ Бухорӣ - 4497]
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) моро хабар медиҳад, ки ҳар касе чизе, ки аз хусусиятҳои Аллоҳ бошад ва онро барои ғайри Ӯ анҷом диҳад, монанди дуои ғайри Аллоҳ Таъоло ва ёрӣ талаб кардан аз ғайри Аллоҳ ва дар ин ҳолат бимирад, аз аҳли дӯзах аст. Ибни Масъуд афзуд, ки ҳар кас дар ҳоле бимирад ва чизеро барои Аллоҳ шарик қарор надиҳад, сарнавишташ ба биҳишт аст.