1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Ақида

Ҳадис Сирояти беморӣ ва фоли бад ҳақиқат надорад, тафоул ва хушбинӣ бароям писанд аст". Гуфтанд: Фоли нек гирифтан чист? Фармуд: "Сухани некӯ

عَنْ أَنَسِ بْنِ مَالِكٍ رضي الله عنه عَنِ النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ:
«لَا عَدْوَى، وَلَا طِيَرَةَ، وَيُعْجِبُنِي الْفَأْلُ» قَالَ قِيلَ: وَمَا الْفَأْلُ؟ قَالَ: «الْكَلِمَةُ الطَّيِّبَةُ».

Аз Анас ибни Молик (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Сирояти беморӣ ва фоли бад ҳақиқат надорад, тафоул ва хушбинӣ бароям писанд аст". Гуфтанд: Фоли нек гирифтан чист? Фармуд: "Сухани некӯ."

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Муслим - 2224

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки сирояти бемориҳо, ки аҳли ҷоҳилият ба он муътақид буданд ва бовар доштанд, ки беморӣ бидуни тақдири илоҳӣ худ ба худ аз касе ба касе дигар мегузарад, ботил аст. Ва "тияра" ҳам ботил аст, яъне фоли бад гирифтан аз ҳар чизе - шуниданӣ бошад ё диданӣ - аз парандагон, ҳайвонот, маъюбон, рақамҳо, рӯзҳо ё ғайри инҳо. Инҷо аз паранда ёдоварӣ шудааст, зеро он дар замони ҷоҳилият машҳур буд. Ва асли он раҳо кардани паранда ҳангоми анҷом додани коре ба мисли сафар ё тиҷорат ё ғайри он буд. Агар он парранда ба тарафи рост парвоз мекард, фоли хуб буд ва корашро анҷом медод. Ва агар ба тарафи чап парвоз мекард, фоли бад маҳсуб мешуд ва аз анҷоми кораш худдорӣ мекард. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки хушбинӣ ва фоли некро меписандад. Ва фоли нек он аст, ки инсон аз шунидани сухани нек хушҳол шавад ва ба воситаи он ба Парвардигораш гумони нек бикунад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Таваккул ба Аллоҳ Таъоло кардан ва ин ки таваккул ниҳояте ҷуз хайр надорад. Ва касе ҷуз Аллоҳ бадиро аз касе дур намекунад.
  2. Наҳй аз фоли бад ва он ҳисси бадгумонӣ аз чизе, ки инсон ба сабаби он аз коре, ки анҷом додани аст, даст бикашад.
  3. Фоли нек ва хушбинӣ аз ҷумлаи тияраи манъшуда нест, балки навъе аз гумони нек ба Аллоҳ Таъоло аст.
  4. Ҳама чиз ба тақдири Аллоҳи ягонаи бешарик рух медиҳад.

Намоиши тарҷумаҳо

58 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
FR Français الفرنسية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
IT Italiano الإيطالية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
KMR Kurmancî الكرمنجية