1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Ақида

Ҳадис Савганд ба зоте, ки ҷони ман дар дасти Ӯст, албатта, аз роҳу равиши пешиниён пайравӣ хоҳед кард

عَنْ أَبِي وَاقِدٍ اللَّيْثِيِّ رضي الله عنه:
أَنَّ رَسُولَ اللهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ لَمَّا خَرَجَ إِلَى حُنَيْنٍ مَرَّ بِشَجَرَةٍ لِلْمُشْرِكِينَ يُقَالُ لَهَا: ذَاتُ أَنْوَاطٍ يُعَلِّقُونَ عَلَيْهَا أَسْلِحَتَهُمْ، فَقَالُوا: يَا رَسُولَ اللهِ، اجْعَلْ لَنَا ذَاتَ أَنْوَاطٍ كَمَا لَهُمْ ذَاتُ أَنْوَاطٍ، فَقَالَ النَّبِيُّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «سُبْحَانَ اللهِ! هَذَا كَمَا قَالَ قَوْمُ مُوسَى {اجْعَلْ لَنَا إِلَهًا كَمَا لَهُمْ آلِهَةٌ} [الأعراف: 138] وَالَّذِي نَفْسِي بِيَدِهِ لَتَرْكَبُنَّ سُنَّةَ مَنْ كَانَ قَبْلَكُمْ».

Аз Абувоқиди Лайсӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст:
Ҳангоме ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои ғазваи Ҳунайн аз Мадина баромад, аз назди яке аз дарахтони мушрикон гузар кард, ки онро "зоту анвот" меномиданд ва силоҳи худро бар он меовехтанд. Пас (баъзе аз ҳамроҳони он ҳазрат) гуфтанд: Эй Расули Аллоҳ! Барои мо низ "зоту анвот" бисоз, чӣ гунае, ки онҳо "зоту анвот" доранд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Субҳоналлоҳ! Ин (сухан) ҳамон гунае аст, ки қавми Мусо гуфта буданд: (Эй Мӯсо, ҳамон гуна ки онон маъбудоне доранд, барои мо [низ] маъбуде таъйин кун.) (Сураи Аъроф, ояти138) Савганд ба зоте, ки ҷони ман дар дасти Ӯст, албатта, аз роҳу равиши пешиниён пайравӣ хоҳед кард."

Саҳеҳ رواه الترمذي وأحمد Сунани Тирмизӣ - 2180

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба сӯи ғазваи Ҳунайн равона шуд, он водие аст, дар байни Макка ва Тоиф. Ҳамроҳи он ҳазрат чанде аз саҳобагон буданд, ки тоза мусалмон шуда буданд. Пас аз назди дарахте гузаштанд, ки номаш "зоту анвот" буд, яъне дарахте, ки дар он овехташудаҳо буд, мушрикон он дарахтро бузург мешумориданд ва силоҳҳо ва дигар чизҳояшонро барои баракат дар он меовехтанд. Онҳо аз Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) талаб карданд, ки барояшон дарахте монанди он қарор диҳад, то ки аслиҳаи худро барои табаррук бар он биовезанд, зеро гумон мекарданд, ки ин кор ҷоиз аст. Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз рӯйи инкори чунин сухан ва барои бузургдошти Аллоҳ Таъоло тасбеҳ гуфтанд ва баён карданд, ки ин сухан монанди сухани қавми Мусо ба ӯ аст, ки гуфтанд: "Эй Мӯсо, ҳамон гуна ки онон маъбудоне доранд, барои мо [низ] маъбуде қарор бидеҳ." Зеро онҳо чун диданд, ки мушрикон бутҳоро мепарастанд, аз ӯ хостанд, ки барояшон ба монанди мушрикон бутҳое дошта бошанд ва ин ба маънои пайравӣ аз роҳу равиши онон аст. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки ин уммат аз равиши яҳудиён ва насрониён пайравӣ хоҳанд кард ва корҳои ононро анҷом хоҳанд дод ва нисбат ба он ҳушдор доданд.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Инсон шояд кореро биписандад ва гумон кунад, ки он кор ӯро ба Аллоҳ Таъоло наздиктар мекунад, дар ҳоле ки сабаби дурӣ аз Аллоҳ Таъоло мешавад.
  2. Мусалмон ҳангоми шунидани сухане, ки дар дин набояд гуфт ва дар ҳоли таъаҷҷуб, тасбеҳ "Субҳоналлоҳ" ва такбир "Аллоҳу акбар" бигӯяд.
  3. Аз дарахтон ва сангҳо ва дигар чизҳо баракат ҷустан, ширк аст. Баракат танҳо аз Аллоҳ хоста мешавад.
  4. Сабаби ибодати бутҳо, бузургдошти онҳо ва нишастан дар баробари онҳо ва табаррук ҷустан аз онҳо аст.
  5. Бастани дарҳо ва роҳҳое, ки ба ширк бурда мерасонад, воҷиб аст.
  6. Он чизе, ки аз матнҳои маҳкумкунандаи яҳудиён ва насрониён омадааст, барои мо огоҳӣ аст.
  7. Тақлид ба аҳли ҷоҳилият, яҳудиҳо ва насрониҳо ҳаром аст, магар он ки далеле бошад, ки он аз дини мо аст.

Намоиши тарҷумаҳо

58 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
FR Français الفرنسية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
IT Italiano الإيطالية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
KMR Kurmancî الكرمنجية