عَنْ عَائِشَةَ أُمِّ المؤمنين رضي الله عنها:
أَنَّ أُمَّ سَلَمَةَ ذَكَرَتْ لِرَسُولِ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ كَنِيسَةً رَأَتْهَا بِأَرْضِ الْحَبَشَةِ، يُقَالُ لَهَا مَارِيَةُ، فَذَكَرَتْ لَهُ مَا رَأَتْ فِيهَا مِنَ الصُّوَرِ، فَقَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «أُولَئِكَ قَوْمٌ إِذَا مَاتَ فِيهِمُ الْعَبْدُ الصَّالِحُ، أَوِ الرَّجُلُ الصَّالِحُ، بَنَوْا عَلَى قَبْرِهِ مَسْجِدًا، وَصَوَّرُوا فِيهِ تِلْكَ الصُّوَرَ، أُولَئِكَ شِرَارُ الْخَلْقِ عِنْدَ اللهِ».
[صحيح] - [متفق عليه] - [صحيح البخاري: 434]
المزيــد ...
Аз Оиша модари муъминон (разияллоҳу анҳо) ривоят аст:
Умми Салама барои Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ёдовар шуд, ки дар сарзамини Ҳабаша калисое ба номи Морияро дидааст. Ва барои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) тасвирҳое, ки дар он дида буд, ёдовар шуд. Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:"Онҳо мардуме ҳастанд, ки чун бандаи солеҳе ё марди солеҳе аз миёни онҳо бимирад, бар рӯйи қабри ӯ масҷид месозанд ва дар он суратҳо мекашанд, Онон бадтарин махлуқот дар назди Аллоҳ ҳастанд."
[Саҳеҳ] - [متفق عليه] - [Саҳеҳ Бухорӣ - 434]
Модари муъминон Умми Салама (разияллоҳу анҳо) барои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ёдовар шуд, ки чун дар сарзамини Ҳабаша буд, калисоеро дид, ки Мория ном дошт ва дар он тасвирҳо ва нақшу нигорҳо ва ҳайкалҳое буд ва инро аз рӯйи шигифтӣ ва таъаҷҷуб бозгӯ кард! Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) сабабҳои гузоштани ин суратҳоро баён карданд. Ва фармуданд: Онҳое, ки дар бораашон гуфтӣ, чунин буданд, ки агар шахси солеҳе дар миёнашон вафот мекард бар қабри ӯ масҷид (ибодатгоҳе) месохтанд ва дар он намоз мехонданд ва он суратҳоро тасвир мекарданд. Ва баён намуданд, ки анҷом диҳандаи чунин кор, бадтарин махлуқ назди Аллоҳ Таъоло аст. Чунки амали ӯ ба ширк ба Аллоҳ Таъоло бурда мерасонад.