Намоз

86Рӯйхати ҳадисҳо 16Дастабандиҳои ҷузъӣ

Рӯйхати ҳадисҳо 86

Ислом бар панҷ асос бино ёфтааст
Барои ман хабар деҳ, оё ҳар гоҳ намозҳои фарзшударо бихонам, моҳи Рамазонро рӯза бидорам, ҳалолро ҳалол бидонам ва ҳаромро ҳаром бидонам
Дар ҳолати ҳозир будани таъом ва барои касе, ки аз баромадани пешоб ва наҷосат пешгирӣ мекунад, намоз нест
Дар ҳоли хутба хондани имом дар рӯзи ҷумъа, агар ба ҳамнишинат гуфтӣ: "Хомӯш бошу гӯш кун", муртакиби лағв шудаӣ
Худоё! қабри маро чун бутхона магардон
Дар ҳақиқат вазнинтарин намоз бар мунофиқон намози хуфтан ва бомдод аст. Ва агар медонистанд дар он ду намоз (чи подоше) аст, барои адои он ҳатто хазида ба масҷид меомаданд
Намозҳои панҷгона, аз ҷумъа то ҷумъаи дигар ва аз рамазон то рамазони дигар ва дар ҳоли дурӣ аз кабоир, кафорати гуноҳони байни онҳо мегардад
Ҳар кӣ шаби Қадрро аз рӯйи имон ва дарёфти савоб шабзиндадорӣ намояд, гуноҳони гузаштаи ӯ омурзида мешавад
Ҳар касе намози бомдодро хонад, дар амон ва ҳимояти Аллоҳ аст
баъд аз ҳар намоз ин зикр вирди забони Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) буд
Ҳар кӣ намози асрро тарк кунад, амалаш табоҳ шудааст
Бар қабрҳо нанишинед ва ба сӯи онҳо намоз нагузоред
Онҳо мардуме ҳастанд, ки чун бандаи солеҳе ё марди солеҳе аз миёни онҳо бимирад, бар рӯйи қабри ӯ масҷид месозанд
Ба ман амр шудааст, ки бар ҳафт устухон саҷда кунам
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) миёни ду саҷда мегуфт: "Худоё бар ман мағфират кун ва бар ман раҳм кун ва бар ман офият бибахш ва манро ҳидоят кун ва бар ман ризқу рӯзи ато фармо
Аллоҳумма Анта Салом ва минка салом, таборакта зул-ҷалоли вал-икром
Истода намоз бигзор, агар наметавонӣ нишаста ва агар наметавонӣ ба паҳлу
Оё нидои намоз (азон)-ро мешунавӣ?" Гуфт: Бале. Паёмбари Худо фармуд: пас иҷобат кун
Ислом бар панҷ асос бино ёфтааст
агар намозҳои фарз (намозҳои панҷгона)-ро ба ҷо орам, моҳи рамазонро рӯза бидорам, ҳалолро ҳалол ва ҳаромро ҳаром бидонам
Покӣ нисфи имон аст, ва "Алҳамду лиллоҳ" тарозуро пур мекунад, ва "Субҳонал-лоҳи" ва "Алҳамду лиллоҳи" миёни осмон ва заминро
Ҳар гоҳ муаззин гуфт: Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар ва яке аз шумо (дар посухаш) гуфт: Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар
Касе, ки намозеро фаромӯш кунад, пас, чун ба ёдаш ояд, адояш кунад ва (ин кораш) каффорае ҷуз ин надорад
Миёни шахс ва ширку куфр, тарки намоз аст
Паймоне, ки миёни мо ва онҳост, намоз аст, пас ҳар ки онро тарк кунад, кофир шудааст
Ҳаргоҳ садои азонро шунидед, монанди он чи муаззин мегӯяд, бигӯед
Сафҳоятонро рост кунед, зеро рост кардани саф аз камоли намоз аст
Аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) даҳ ракаъат намозро дар ёд дорам
Оё яке аз шумо наметарсад - ё, оё касе аз шумо наметарсад - , ки агар сари худро пеш аз имом бардорад, Аллоҳ сари ӯро ба сари хар табдил кунад ё рӯяшро ба рӯйи хар табдил кунад
Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар вақти шуруъ кардан ба намоз
Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳоле ки кафи дастам байни ду кафи дастонаш буд, ончунон ба ман Ташаҳҳудро омӯзонд, мисле, ки сурае аз Қуръонро таълим медод
Илоҳо, ба ту аз азоби қабр ва азоби дӯзах ва аз фитнаи зиндагӣ ва марг ва аз фитнаи Даҷҷол паноҳ мебарам
Аллоҳумма боъид байнӣ ва байна хатоёя камо боъадта байнал-машриқи вал-мағриб
Кадом кор назди Аллоҳ маҳбубтар аст? Гуфт: "(Адои намоз дар вақти муқарраршудааш". Гуфтам: Сипас кадом? Гуфт: "Некӣ бар падару модар". Гуфтам: Сипас кадом? Гуфт: "Ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ
Бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба: Гувоҳӣ додан, ки нест маъбуди бар ҳақ, магар Аллоҳ ва ин ки Муҳаммад расули Аллоҳ аст ва барпо доштани намоз, закот додан, шунидану итоат кардан, хайрхоҳӣ ва насиҳат барои ҳар мусалмон, байъат кардам
пас аз ҳар намоз хондани ин дуъоро ҳаргиз тарк накунӣ. Дуо ин аст: Аллоҳумма аъиннӣ ъало зикрика ва шукрика ва ҳусни ъибодатика. Тарҷума: Ё Аллоҳ! Маро дар зикр карданат, шукр карданат ва нек ибодат карданат, ёрӣ бидеҳ!
Ё Аллоҳ! ман ба розигии Ту аз ғазаби Ту паноҳ меҷӯям, ба беҳбудии Ту аз ҷазои Ту паноҳ меҷӯям, аз Ту ба Ту паноҳ мебарам, тавону ёрои онро надорам, ки ба ҳамду санои Ту (чунон ки шоистаи Туст) бипардозам, Ту тавре ҳастӣ, ки худатро ситоиш намудаӣ
Назди Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз марде ёд шуд, ки шабро то саҳар хоб рафт. Фармуд: "Ӯ марде аст, ки шайтон дар гӯшҳояш - ё дар гӯшаш - пешоб кардааст
Барои Аллоҳ бисёр саҷда кун, зеро барои Аллоҳ саҷда намебарӣ магар ин ки Аллоҳ ба василаи он саҷда дараҷае бар дараҷоти ту меафзояд ва гуноҳе аз гуноҳонатро пок мекунад
Он ки намози бардайнро (намози бомдод ва асрро) адо кунад, вориди биҳишт шавад
(Аҷру подоши) намози як марди мусалмон бо ҷамоат, бисту чанд дараҷа бештар аз намозест, ки дар хона ва дар бозор мехонад, мешавад
Ҳар касе сир ё пиёз бихӯрад, бояд аз мо канорагирӣ кунад, ё фармуд: аз масҷиди мо дур шавад ва дар хонааш биншинад
Оё дидаед, ки агар дар назди дари яке аз шумо дарёе бошад, ки дар он ҳар рӯз панҷ бор ғусл кунад. Чӣ мегӯед, оё аз нопокиаш чизе боқӣ мемонад?
Фарзандонатонро дар ҳафтсолагӣ ба намоз хондан амр кунед ва дар даҳсолагӣ онҳоро барои намоз бизанед ва ҷои хоби ононро ҷудо кунед
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) назди мо баромад. Гуфтем: Эй Расули Аллоҳ, мо ба шумо салом доданро омухтем. Пас, чӣ гуна бар шумо дуруд фиристем?
Касе сураи Фотиҳаро нахонад, намоз нахондааст
Ҳар кас рӯзи ҷумъа монанди ғусли ҷанобат, ғусл кунад, сипас барои намози ҷумъа ба масҷид равад, монанди он аст, ки як шутур садақа карда бошад
Ҳар касе аз шумо ба намози ҷумъа ҳозир шавад, бояд ғусл кунад
Ҳар ки вузӯ гирад ва вузӯи худро ба хуби анҷом диҳад, пас ба намози ҷумъа ҳозир шавад, ба хутбаи ҷумъа хомӯшона гӯш фаро диҳад, гуноҳони байни он ҷумъа то ҷумъаи қаблӣ ва се рӯзи иловагӣ баъд аз ҷумъа бар он бахшида мешаванд
Ҳар касе дар аввали рӯз ё охири рӯз ба масҷид равад, Худованд барои ӯ дар биҳишт маконе фароҳам месозад, ҳар боре, ки субҳ равад ё дар охири рӯз
Эй мардум! Салом гуфтанро паҳн кунед, таом бидиҳед, робитаи хешовандиро нигоҳ доред, шабҳо ҳангоми хоб будани мардум намоз хонед, бо осоиш ва саломатӣ (бидуни ҳеҷ ранҷе) ба биҳишт дохил мешавед
Ҳар касе, ки пеш аз тулуи офтоб ва пеш аз ғуруби он намоз бихонад, ба оташ ворид намешавад
Ҳеҷ мусалмоне нест, ки вақти намози фарзиаш фаро расад ва ба хубӣ таҳорат кунад ва бо хушуъ ва фурутанӣ намозашро анҷом диҳад, магар ин ки каффораи гуноҳони пеш аз он омадааш хоҳад шуд, агар муртакиби гуноҳи кабира нашуда бошад. Ва ин барои ҳамеша аст
Азкоре, ки баъди ҳар намози фарз аст, гӯяндааш - ё анҷом диҳандааш- баъд аз ҳар намоз, пушаймон намегардад: сию се бор тасбеҳ гуфтан, сию се бор ҳамд гуфтан ва сию чаҳор бор такбир гуфтан аст
Ҳар ки ҳангоми шунидани муаззин бигӯяд: "Ашҳаду ан ло илоҳа илло Аллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу ва анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳу. Разийту биллоҳи раббан ва би Муҳаммадин расулан ва бил-Исломи динан", гуноҳони ӯ омурзида мешаванд." Тарҷума: "Гувоҳӣ медиҳам, ки маъбуди бар ҳақе нест ҷуз Аллоҳ, ки ягона ва бешарик аст. Ва ба ин ки Муҳаммад банда ва фиристодаи Ӯ аст. Ба Аллоҳ, ҳамчун Парвардигорам ва Муҳаммад, ҳамчун Паёмбарам ва ба Ислом ҳамчун динам, розӣ ҳастам
Ғусли рӯзи ҷумъа барои ҳар шахси ба балоғат расида воҷиб аст ва ин ки мисвок кунад ва агар атр дошта бошад, хушбӯйи кунад
Ҳар кас ҳангоми шунидани азон бигӯяд: Аллоҳумма рабба ҳозиҳид-даъватит-томмаҳ вас-салотил-қоимаҳ, оти Муҳаммаданил-василата вал-фазилата вабъасҳу мақоман маҳмуданиллазӣ ваъадтаҳу, шафоати ман дар рӯзи қиёмат бар ӯ ҳосил мегардад." "Эй Парвардигори ин даъвати комил ва ин намози барпоистода, ба Муҳаммад васила ва фазилатро ато кун ва ӯро ба мақоми маҳмуде, ки ваъда додаӣ, бирасон
Ҳеҷ яке аз шумо дар як либос намоз нагузорад, дар ҳоле ки бар ду китфаш чизе нест
Ҳангоми саҷда, кафҳои дастонатро бар замин бигузор ва оринҷҳоятро аз замин боло нигаҳ дор
Ҳамроҳи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) намоз гузоштам, ӯ ҳангоми салом додан ба тарафи рост мегуфт: "Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу" ва ба тарафи чап мегуфт: "Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ
Ҳар кас баъд аз ҳар намоз сию се бор тасбеҳ гӯяд ва сию се бор ҳамд гӯяд ва сию се бор такбир гӯяд, яъне наваду нуҳ бор. Ва дар такмили сад: "Ло илоҳа илло Аллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, лаҳул-мулку ва лаҳул-ҳамду ва ҳува ало куллӣ шайъин қадир" бигӯяд. Хатоҳои ӯ бахшида хоҳанд шуд, агарчи монанди кафки баҳр бошанд
Ҳар кас дар охири ҳар намози фарз "Оятул-курсӣ"-ро бихонад, ба ҷуз маргаш чизе аз дохил шуданаш ба биҳишт монеъ намешавад
Агар яке аз шумо дар намози худ шак кунад ва надонад, ки се ё чаҳор ракаъат хондааст, бигзор шакро канор гузорад ва бар он чи яқин дорад, амал кунад ва пеш аз салом додан ду саҷда кунад
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) чаҳор ракъат пеш аз намози зуҳр ва ду ракъат пеш аз намози субҳро тарк намекарданд
Ҳар касе, ки бар чаҳор ракъат (суннати) пеш аз пешин ва чаҳор ракъат баъд аз он мудовимат кунад, Аллоҳ ӯро бар оташи дӯзах ҳаром мегардонад
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ду ракъати суннати бомдод сураи (Қул ё айюҳал кофирун) ва сураи (Қул ҳуваллоҳу аҳад)-ро мехонд
Беҳтарин сафҳои мардон сафҳои аввал ва бадтаринашон сафҳои охир аст. Ва беҳтарин сафҳои занон, сафҳои охир ва бадтаринашон сафҳои аввалашон аст
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мардеро дид, ки танҳо дар пушти сафф (яъне ақибтар аз сафи намозгузорон) намоз мехонд. Ӯро амр кард, ки намозашро дубора бихонад
Ин ду намоз (бомдод ва хуфтан) барои мунофиқон аз ҳама душвортарин намозҳо аст. Агар шумо бидонед, ки дар онҳо чӣ подошу фазилате ҳаст, ҳатман барои хондани онҳо бо ҷамоат бо зонуҳоятон хазида меомадед
Қалам (навиштани амалҳои онон ба воситаи фариштагон) аз се нафар бардошта шудааст: Аз хоб, то ин ки бедор шавад, аз кӯдак, то ин ки ба балоғат бирасад, аз девона, то ин ки ақлаш баргардад
ман Зимом ибни Саълаба, бародари банӣ Саъд ибни Бакр ҳастам
Ҳаргоҳ садои муаззинро шунидед, монанди он чи мегӯядро бигӯед, сипас бар ман дуруд бифиристед
Ҳар ки барои Аллоҳ масҷиде бино кунад, Аллоҳ барои ӯ дар биҳишт монанди он хоҳад сохт
Як намоз дар масҷиди ман беҳтар аз ҳазор намоз дар дигар масҷидҳо аст, ҷуз Масҷидулҳаром (ҳарами маккӣ)
Агар яке аз шумо вориди масҷид шуд, пеш аз он ки бинишинад, ду ракаъат намоз бигузорад
Ҳар гоҳ касе аз шумо вориди масҷид шуд, чунин бигӯяд: Бор илоҳо, дарҳои раҳмати худро барои ман боз кун. Ва чун аз масҷид хориҷ шавад, бигӯяд: Бор илоҳо, аз фазли Ту хоҳонам
Эй Билол! Намозро иқомат кун, моро бо он роҳат бидеҳ
Эй мардум! Барои ин чунин кардам, ки аз ман пайравӣ кунед ва намози манро таълим бигиред
Чун хостед намоз гузоред, сафҳои худро рост кунед, сипас яке аз шумо имом шавад ва чун такбир (Аллоҳу акбар) гӯяд, шумо ҳам такбир (Аллоҳу акбар) гӯед
Савганд ба оне, ки ҷонам дар дасти Ӯст, намози ман монандтар аз намози шумо ба намози Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст. Ин намози Ӯ то аз дунё рафтанаш буд
Бадтарин шахсе, ки дуздӣ мекунад, касе аст, ки аз намозаш медуздад". Гуфтанд: Чӣ гуна намозашро медуздад? Гуфт: "Рукуъ ва суҷудашро комил намекунад
Ҳаргоҳ Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз рукуъ бар мехост, чунин мегуфт: "Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар охири ҳар намози фарз
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар байни ду саҷда "Раббӣ иғфир лӣ, раббӣ иғфир лӣ" (Парвардигоро манро бибахш, Парвардигоро манро бибахш) мегуфт
Он шайтоне аст, ки номаш Хинзаб аст, пас ҳар вақт эҳсосаш кардӣ, аз ӯ ба Аллоҳ паноҳ бибар (Аъузу биллоҳ бигӯ) ва се бор ба тарафи чапат туф бикун
Миёни ҳар ду азон як намоз аст, миёни ҳар ду азон як намоз аст", сипас бори сеюм гуфт: "Барои касе, ки мехоҳад