+ -

عَنْ ‌أَبِي الزُّبَيْرِ قَالَ:
كَانَ ‌ابْنُ الزُّبَيْرِ يَقُولُ فِي دُبُرِ كُلِّ صَلَاةٍ حِينَ يُسَلِّمُ: «لَا إِلَهَ إِلَّا اللهُ وَحْدَهُ لَا شَرِيكَ لَهُ، لَهُ الْمُلْكُ وَلَهُ الْحَمْدُ وَهُوَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ، لَا حَوْلَ وَلَا قُوَّةَ إِلَّا بِاللهِ، لَا إِلَهَ إِلَّا اللهُ، ‌وَلَا ‌نَعْبُدُ ‌إِلَّا إِيَّاهُ، لَهُ النِّعْمَةُ وَلَهُ الْفَضْلُ وَلَهُ الثَّنَاءُ الْحَسَنُ، لَا إِلَهَ إِلَّا اللهُ مُخْلِصِينَ لَهُ الدِّينَ وَلَوْ كَرِهَ الْكَافِرُونَ» وَقَالَ: «كَانَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يُهَلِّلُ بِهِنَّ دُبُرَ كُلِّ صَلَاةٍ».

[صحيح] - [رواه مسلم] - [صحيح مسلم: 594]
المزيــد ...

Аз Абузубайр ривоят аст, ки гуфт:
Ибни Зубайр баъд аз ҳар намоз, ҳангоме, ки салом медод ин зикрро мегуфт: "Ло илоҳа иллаллоҳ ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, лаҳул-мулку ва лаҳул-ҳамд, ва Ҳува ъало кулли шайъин қадир, ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ, ло илоҳа иллаллоҳ, ва ло наъбуду илло ийёҳ, лаҳун-неъмату ва лаҳул-фазл ва лаҳус - саноул-ҳасан, ло илоҳа иллаллоҳу мухлисина лаҳуд-дин ва лав кариҳа-л-кофирун" Абдуллоҳ ибни Зубайр мегӯяд: баъд аз ҳар намоз ин зикр вирди забони Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) буд.

[صحيح] - [رواه مسلم] - [Саҳеҳ Муслим - 594]

Шарҳ

Расули Аллоҳ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пас аз саломи ҳар намози мафруза ин зикри бузургро мегуфтанд, ки маънояш чунин аст:
"Ло илоҳа иллаллоҳ": яъне нест маъбуди барҳақ магар Аллоҳ.
"Ваҳдаҳу ло шарика лаҳу" : Ӯ дар Улуҳият ва Рубубият ва номҳо ва сифатҳояш ҳеҷ шарике надорад.
"Лаҳул-мулк" : Фармонравоии мутлақу умумӣ ва фарогир ва фармонравоии замину осмонҳо ва ончи миёни онҳост, азони Ӯст.
"Ва лаҳул-ҳамд": яъне Ӯ Таъоло мавсуф ба камоли мутлақ аст, Ӯ дар ҳама ҳолат, дар хушӣ ва дар сахтӣ, бо эҳтироми комил ва аз рӯи муҳаббат ва бузургдоштӣ васф карда мешавад.
"Ва Ҳува ъало кулли шайъин қадир": Қудрати Ӯ Таъоло аз ҳар нигоҳ комил аст, ҳеҷ чиз Ӯро нотавон намесозад ва ҳеҷ ғайри имконе баро Ӯ вуҷуд надорад.
"Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ": Ҳеҷ тағйир ва дигаргунӣ аз як ҳолат ба ҳолати дигар нест, ҳеҷ роҳе аз маъсияти Аллоҳ ба сӯи итоати Ӯ нест ва ҳеҷ қудрате нест магар ончи ба дасти Ӯст, Ӯ мададгор ва таваккули мо танҳо ба Ӯ Таъолост.
" Ло илоҳа илло Аллоҳ, ва ло наъбуду илло ийоҳу": инҷо таъкид бар улуҳият ва инкори ширк аст ва инки ҷуз Ӯ Таъоло касе сазовори парастиш нест.
"Лаҳун-неъмаҳ ва лаҳул-фазл": Ӯст Офаридгор ва соҳиби неъмат, ба ҳар кӣ аз бандагонаш бихоҳад медиҳад.
"Ва лаҳус-саноул-ҳасан": Ҳамд ва ситоиши нек бар зоту сифот ва афъолу неъматҳои Ӯ Таъолост.
"Ло илоҳа иллаллоҳ мухлисина лаҳуд-дин": Ӯро ягона медонем ва дар тоати Аллоҳ риё ва худнамоӣ намекунем.
"Ва лав кариҳал-кофирун": Бар тавҳиди Аллоҳ ва ибодати Ӯ собитқадам ҳастем, агарчи кофиронро хуш наояд.

Тарҷума: Англисӣ Урду Испонӣ Индонезӣ Уйғурӣ Бангладешӣ Фаронсавӣ Туркӣ Русӣ Боснӣ Синҳолӣ Ҳиндӣ Хитоӣ Форсӣ Ветнамӣ Тагалогӣ Курдӣ Ҳауса Португалӣ Малаялам Телугу Савоҳили Томилӣ Бурмӣ Таиландӣ Олмонӣ Ҷопонӣ Пашту Осомӣ Албанӣ Суедӣ Амҳарӣ Голландӣ Гуҷратӣ Қирғизӣ Непалӣ Юрба Литвонӣ Дарӣ Сербӣ Сумолӣ Кинёрвондӣ Румонӣ Маҷорӣ Чехӣ الموري Малагашӣ Итолёвӣ Канада الولوف البلغارية Озарӣ Украинӣ الجورجية
Намоиши тарҷумаҳо

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Баъд аз ҳар намози фарзӣ гуфтани ин дуо мустаҳаб аст.
  2. Мусалмон ба дини худ ифтихор мекунад ва шиъору маносики онро анҷом медиҳад, гарчанд кофиронро аз он хуш наояд.
  3. Агар дар ҳадис калимаи "пас аз намоз" ояд ва дар идома калимаи "зикр" ояд, асл бар он аст, ки баъд аз саломи намоз аст ва агар калимаи "дуо" ояд асл ин аст, ки пеш аз салом додан дар намоз аст.
Бештар