+ -

عن أبي هريرة رضي الله عنه قال: قال رسول الله صلى الله عليه وسلم:
«مَنْ يَقُمْ لَيْلَةَ الْقَدْرِ إِيمَانًا وَاحْتِسَابًا غُفِرَ لَهُ مَا تَقَدَّمَ مِنْ ذَنْبِهِ»

[صحيح] - [متفق عليه] - [صحيح البخاري: 35]
المزيــد ...

Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:
"Ҳар кӣ шаби Қадрро аз рӯйи имон ва дарёфти савоб шабзиндадорӣ намояд, гуноҳони гузаштаи ӯ омурзида мешавад"

[صحيح] - [متفق عليه] - [Саҳеҳ Бухорӣ - 35]

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди фазилати қиёми шаби қадр, ки дар даҳаи охири рамазон аст, хабар дода фармудааст, ки ҳар кӣ онро аз рӯи ихлосу имондорӣ ва огоҳ будан аз фазоили он ва бо умеди касби савоб, на барои худнамоӣ ва риё, бо намозу дуо ва зикру тиловати Қуръон сипарӣ намояд, гуноҳони гузаштаи ӯ омурзида мешавад.

Тарҷума: Англисӣ Урду Испонӣ Индонезӣ Уйғурӣ Бангладешӣ Фаронсавӣ Туркӣ Русӣ Боснӣ Синҳолӣ Ҳиндӣ Хитоӣ Форсӣ Ветнамӣ Тагалогӣ Курдӣ Ҳауса Португалӣ Малаялам Телугу Савоҳили Томилӣ Бурмӣ Таиландӣ Олмонӣ Ҷопонӣ Пашту Осомӣ Албанӣ Суедӣ Амҳарӣ Голландӣ Гуҷратӣ Қирғизӣ Непалӣ Юрба Литвонӣ Дарӣ Сербӣ Сумолӣ Кинёрвондӣ Румонӣ Маҷорӣ Чехӣ الموري Малагашӣ Итолёвӣ Урумӣ Канада الولوف البلغارية Озарӣ Узбекӣ Украинӣ الجورجية اللينجالا المقدونية
Намоиши тарҷумаҳо

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Фазилати шаби қадр ва ташвиқ барои шабзиндадории он.
  2. Амали нек танҳо бо нияти холис пазируфта мешавад.
  3. Аз фазл ва раҳмати Худованд аст, ки ҳар кӣ шаби қадрро аз рӯи имондорӣ ва бо ҳадафи касби аҷру савоб шабзиндадорӣ намояд, гуноҳони гузаштаи ӯ омурзида мешавад.
Бештар