عَنِ ابْنِ عُمَرَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمَا قَالَ:
حَفِظْتُ مِنَ النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ عَشْرَ رَكَعَاتٍ: رَكْعَتَيْنِ قَبْلَ الظُّهْرِ، وَرَكْعَتَيْنِ بَعْدَهَا، وَرَكْعَتَيْنِ بَعْدَ المَغْرِبِ فِي بَيْتِهِ، وَرَكْعَتَيْنِ بَعْدَ العِشَاءِ فِي بَيْتِهِ، وَرَكْعَتَيْنِ قَبْلَ صَلاَةِ الصُّبْحِ، وَكَانَتْ سَاعَةً لاَ يُدْخَلُ عَلَى النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فِيهَا، حَدَّثَتْنِي حَفْصَةُ أَنَّهُ كَانَ إِذَا أَذَّنَ المُؤَذِّنُ وَطَلَعَ الفَجْرُ صَلَّى رَكْعَتَيْنِ، وَفِي لَفْظٍ: أَنَّ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ كَانَ يُصَلِّي بَعْدَ الْجُمُعَةِ رَكْعَتَيْنِ.

[صحيح] - [متفق عليه بجميع رواياته] - [صحيح البخاري: 1180]
المزيــد ...

Аз ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт:
Аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) даҳ ракаъат намозро дар ёд дорам: Ду ракаъат пеш аз намози пешин ва ду ракаъат баъди он, ду ракаъат баъд аз намози шом дар хонааш ва ду ракаъат баъд аз намози хуфтан дар хонааш ва ду ракаъат пеш аз намози бомдод ва ин вақте буд, ки касе дар он вақт бар Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ворид намешуд. Ва Ҳафса (хоҳари ровӣ) ба ман гуфт, ки ҳаргоҳ муаззин азон мегуфт ва фаҷр тулуъ мекард, ду ракаъат мехонд. Ва дар лафзи дигар: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баъд аз намози ҷумъа ду ракаъат адо мекард.

[Саҳеҳ] - [متفق عليه بجميع رواياته] - [Саҳеҳ Бухорӣ - 1180]

Шарҳ

Абдуллоҳ ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) баён намудааст, ки аз ҷумла намозҳои нафлие, ки аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ёд дорад, даҳ ракаъат аст. Ва ин намозҳоро суннатҳои равотиб мегӯянд, ки аз инҳо иборатанд: ду ракаъат пеш аз фарзи намози пешин ва ду ракаъат баъди он, ду ракаъат баъд аз фарзи намози шом дар хонааш, ду ракаъат баъди фарзи намози хуфтан дар хонааш ва пеш аз фарзи намози бомдод ду ракаъат, ки ҳамагӣ даҳ ракаъати комил мешавад. Ва аммо намози ҷумъа, пас аз он ду ракаъат намоз мехонданд.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Адо кардани ин суннатҳои ротиба ва ба шакли доимӣ хондани онҳо мустаҳаб аст.
  2. Намози суннатро дар хона хондан машруъ ва ҷоиз аст.
Намоиши тарҷумаҳо
Забон: الإنجليزية الأوردية الإسبانية Бештар (58)