Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳама корҳояш аз тарафи рост оғоз карданро дӯст медошт, ҳангоми пӯшидани пойафзол, шона задани мӯй, вузӯ гирифтан ва дар ҳамаи корҳояш
Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) вақте шаб аз хоб бедор мешуд, даҳонашро бо мисвок пок мекард
Ло илоҳа иллаллоҳ! Вой бар арабҳо аз шарре, ки наздик шудааст! Имрӯз аз садди Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ чунин кушода шуд
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳаргоҳ намоз мехонд, дастонашро чунон аз ҳам боз нигаҳ медошт, ки сафедии зери бағалҳояш дида мешуд
Ман ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳоле, ки ҳарду ҷунуб будем аз як зарф ғусл мекардем. Ва ҳангоми дар ҳолати ҳайз буданам манро амр мекард, ки эзор бипӯшам ва бо ман муошират мекард