عَنْ عَبْدِ اللَّهِ بْنِ مَالِكٍ ابْنِ بُحَيْنَةَ رضي الله عنه:
أَنَّ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ كَانَ إِذَا صَلَّى فَرَّجَ بَيْنَ يَدَيْهِ حَتَّى يَبْدُوَ بَيَاضُ إِبْطَيْهِ.

[صحيح] - [متفق عليه] - [صحيح البخاري: 390]
المزيــد ...

Аз Абдуллоҳ ибни Молик ибни Буҳайна (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки:
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳаргоҳ намоз мехонд, дастонашро чунон аз ҳам боз нигаҳ медошт, ки сафедии зери бағалҳояш дида мешуд.

[Саҳеҳ] - [متفق عليه] - [Саҳеҳ Бухорӣ - 390]

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳаргоҳ ба саҷда мерафтанд, дастони худро боз ва дур аз ҳам мегузоштанд ва ҳар даст монанди бол аз паҳлу дур мешуд, то ин ки ранги пӯсти паҳлуи эшон ошкор мешуд. Ин аз муболиға дар дур сохтани бозуҳо аз ҳам дар ҳангоми саҷда аст.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Дур нигоҳ доштани бозуҳо аз паҳлуҳо дар ҳолати саҷда, мустаҳаб аст.
  2. Ин кор барои касе, ки аз пушти имом намоз мегузорад ва дар ҳолати дур сохтани бозувонаш аз паҳлу боиси озор дидани атрофиёнаш мешавад, ҷоиз нест.
  3. Дур кардани бозуҳо аз паҳлуҳо дар ҳолати саҷда манфиатҳои зиёд дорад, аз ҷумла: зоҳир кардани фаъолият ва хоҳиш ба намоз ва агар касе дар саҷда ба тамоми узвҳо такя кунад, ҳар узв насибе аз ибодати худро мегирад. Ҳамчунин гуфтаанд, ки ҳикмати он ин аст, ки ин ҳолат ба тавозуъ наздиктар аст ва сабаб мешавад пешонӣ ва бинӣ бар замин хубтар қарор бигирад ва сабаб мешавад, ки ҳар узв аз дигари мутамоиз ва ҷудо бошад.
Намоиши тарҷумаҳо