عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رضي الله عنه قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:
«مَا يَزَالُ البَلاَءُ بِالمُؤْمِنِ وَالمُؤْمِنَةِ فِي نَفْسِهِ وَوَلَدِهِ وَمَالِهِ حَتَّى يَلْقَى اللَّهَ وَمَا عَلَيْهِ خَطِيئَةٌ».
[حسن] - [رواه الترمذي وأحمد] - [سنن الترمذي: 2399]
المزيــد ...
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Санҷишҳо ва балоҳо бар марду зани муъмин дар худаш, фарзандонаш ва молу дороияш ҳамчунон давом мекунад, то вақте ки Аллоҳ Таъолоро дар ҳоле мулоқот мекунад, ки ҳеҷ хато ва гуноҳе надорад."
[Ҳасан] - [رواه الترمذي وأحمد] - [Сунани Тирмизӣ - 2399]
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар медиҳад, ки озмоишҳо ва санҷишҳо аз марду зани муъмин дур намешаванд, чунон ки дар ҷисм, саломатӣ, фарзандон аз беморӣ, вафот ва нофармонии фарзандон озмоиш мешавад. Инчунин дар молу дорои аз фақр, талафоти тиҷорат, дуздӣ, ё тангдастӣ озмоиш мешавад. Ҳамаи ин санҷишҳо барои поксозии гуноҳонаш ҳастанд, то ки вақте назди Аллоҳ мерасад, пурра пок ва бегуноҳ бошад.