عَنْ عَائِشَةَ أُمِّ المُؤمنينَ رضي الله عنها قَالَتْ:
كَانَ النَّبِيُّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يُعْجِبُهُ التَّيَمُّنُ، فِي تَنَعُّلِهِ، وَتَرَجُّلِهِ، وَطُهُورِهِ، وَفِي شَأْنِهِ كُلِّهِ.
[صحيح] - [متفق عليه] - [صحيح البخاري: 168]
المزيــد ...
Аз Оиша Модари муъминон (разияллоҳу анҳо) ривоят аст, ки гуфт:
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳама корҳояш аз тарафи рост оғоз карданро дӯст медошт, ҳангоми пӯшидани пойафзол, шона задани мӯй, вузӯ гирифтан ва дар ҳамаи корҳояш.
[Саҳеҳ] - [متفق عليه] - [Саҳеҳ Бухорӣ - 168]
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дӯст медошт ва афзал медонист, ки дар корҳое, ки шоистаи эҳтироманд, аз тарафи рост оғоз намояд. Аз ҷумла: Аввал бо пойи рост пӯшидани пойафзол, аз тарафи рост шона кардани мӯй ва риш ва равған кардан ба онҳо, тақдими дасти рост бар чап ва пойи рост бар чап дар вузӯ гирифтан.