1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Ақида

Ҳадис Ло илоҳа иллаллоҳ! Вой бар арабҳо аз шарре, ки наздик шудааст! Имрӯз аз садди Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ чунин кушода шуд

عَنْ زَيْنَبَ بِنْتِ جَحْشٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْها أَنَّ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ دَخَلَ عَلَيْهَا فَزِعًا يَقُولُ:
«لاَ إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ، وَيْلٌ لِلْعَرَبِ مِنْ شَرٍّ قَدِ اقْتَرَبَ، فُتِحَ اليَوْمَ مِنْ رَدْمِ يَأْجُوجَ وَمَأْجُوجَ مِثْلُ هَذِهِ» وَحَلَّقَ بِإِصْبَعِهِ الإِبْهَامِ وَالَّتِي تَلِيهَا، قَالَتْ زَيْنَبُ بِنْتُ جَحْشٍ فَقُلْتُ يَا رَسُولَ اللَّهِ: أَنَهْلِكُ وَفِينَا الصَّالِحُونَ؟ قَالَ: «نَعَمْ إِذَا كَثُرَ الخَبَثُ».

Аз Зайнаб бинти Ҷаҳш (разияллоҳу анҳо) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳолати тарс вориди ӯ шуд ва гуфт:
"Ло илоҳа иллаллоҳ! Вой бар арабҳо аз шарре, ки наздик шудааст! Имрӯз аз садди Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ чунин кушода шуд" ва бо ангушти ибҳом ва ишора ҳалқа (доира) сохт. Зайнаб бинти Ҷаҳш гуфт: Гуфтам: "Эй Расули Худо! Оё мо ҳалок мешавем, дар ҳоле ки дар миёни мо солеҳон ҳастанд?" Фармуданд: "Бале, агар нопокиҳо (разолат, гуноҳҳо) зиёд шавад."

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Бухорӣ - 3346

Шарҳ

Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо ҳолати тарсу ҳарос назди Зайнаб бинти Ҷаҳш (разияллоҳу анҳо) даромад ва мегуфт: "Ло илоҳа иллаллоҳ", яъне "Ҳеҷ маъбуде ба ҳақ ҷуз Аллоҳ нест", ки ин ишораи наздик шудани як офати бад аст, ки рух хоҳад дод ва наҷот танҳо бо паноҳ бурдан ба Аллоҳ мумкин аст. Сипас фармуд: Вой бар арабҳо аз шарре, ки вуқуъаш наздик шудааст. Имрӯз аз садди Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ, он монеае, ки Зулқарнайн сохта буд, ба андозаи ин кушода шуд. Ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо ангушти ибҳом ва ангушти миёна ҳалқа кард (яъне, андозаи хурди кушодашавии саддро нишон дод). Зайнаб (разияллоҳу анҳо) гуфт: Оё Худо моро ба ҳалокат дучор мекунад, дар ҳоле ки дар миёни мо муъминон ва некон ҳастанд? Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ӯ гуфт: Ҳангоме ки фасод, фисқу фуҷур, маъсиятҳо, зино, майнӯшӣ ва монанди инҳо зиёд шаванд, ҳалокат ҳамаро фаро мегирад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Тарс дили муъминро аз ёди Худо бознамедорад, зеро дилҳо бо ёди Худо ором мегиранд.
  2. Тарғиб ба инкор ва пешгирии гуноҳҳо.
  3. Ҳалокати умумӣ ба сабаби зиёд шудани гуноҳон, паҳншавии онҳо ва манъ накардани гунаҳкорон рух медиҳад, ҳатто агар шахсони солеҳ ҳам зиёд бошанд.
  4. Мусибатҳо ҳамаро фаро мегиранд, ҳам некон ва ҳам бадонро, вале дар қиёмат ҳар кас мувофиқи ният ва қасди худ зинда карда мешавад.
  5. Ҳазрати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар сухани худ "Вой бар арабҳо аз шарре, ки наздик шудааст", махсусан арабҳоро ном бурданд, зеро дар он замон аксари мусалмонон арабҳо буданд.

Намоиши тарҷумаҳо

52 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية