1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Ақида

Ҳадис Худованд рӯзи қиёмат мардеро аз уммати ман дар баробари мардум ихтиёр намуда

عَنْ عَبْدِ اللهِ بْنِ عَمْرِو بْنِ العَاصِ رضي الله عنهما قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:
«إِنَّ اللهَ سَيُخَلِّصُ رَجُلًا مِنْ أُمَّتِي عَلَى رُءُوسِ الْخَلَائِقِ يَوْمَ الْقِيَامَةِ، فَيَنْشُرُ عَلَيْهِ تِسْعَةً وَتِسْعِينَ سِجِلًّا، كُلُّ سِجِلٍّ مِثْلُ مَدِّ الْبَصَرِ، ثُمَّ يَقُولُ: أَتُنْكِرُ مِنْ هَذَا شَيْئًا؟ أَظَلَمَكَ كَتَبَتِي الْحَافِظُونَ؟ فَيَقُولُ: لَا يَا رَبِّ، فَيَقُولُ: أَفَلَكَ عُذْرٌ؟ فَيَقُولُ: لَا يَا رَبِّ، فَيَقُولُ: بَلَى إِنَّ لَكَ عِنْدَنَا حَسَنَةً، فَإِنَّهُ لَا ظُلْمَ عَلَيْكَ الْيَوْمَ، فَتُخْرَجُ بِطَاقَةٌ فِيهَا: أَشْهَدُ أَنْ لَا إِلَهَ إِلَّا اللهُ وَأَشْهَدُ أَنَّ مُحَمَّدًا عَبْدُهُ وَرَسُولُهُ، فَيَقُولُ: احْضُرْ وَزْنَكَ، فَيَقُولُ: يَا رَبِّ مَا هَذِهِ الْبِطَاقَةُ مَعَ هَذِهِ السِّجِلَّاتِ؟ فَقَالَ: إِنَّكَ لَا تُظْلَمُ، قَالَ: فَتُوضَعُ السِّجِلَّاتُ فِي كِفَّةٍ، وَالْبِطَاقَةُ فِي كِفَّةٍ، فَطَاشَتِ السِّجِلَّاتُ، وَثَقُلَتِ الْبِطَاقَةُ، فَلَا يَثْقُلُ مَعَ اسْمِ اللهِ شَيْءٌ».

Аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:
"Худованд рӯзи қиёмат мардеро аз уммати ман дар баробари мардум ихтиёр намуда барои ӯ навадунуҳ китоб (саҳифаро)-ро мекушояд, ки дарозии ҳар саҳифаи он то ҷое ки чашм мебинад, (масофае ки чашми инсон мерасад) паҳн карда шуда аст. Сипас Худованд мефармояд: оё чизе аз ин навиштаҳоро инкор мекунӣ? Оё котибони ман ба ту зулм кардаанд? Он мард мегӯяд: не эй Парвардигор. Сипас Худованд мегӯяд: оё ягон узре дори? Он мард мегӯяд: не эй Парвардигор. Сипас Худованд мегӯяд: аммо ту назди Мо (яъне дар номаи аъмолаш) як ҳасана (некӣ)-е дорӣ ва имрӯз бароят зулме раво дошта намешавад. Сипас порчае аз коғазеро меоранд, ки дар он навишта шудааст: Ашҳаду ан ло илоҳа иллалоҳ ва ашҳаду анна Муҳаммадан ъабдуҳу ва расулуҳу. Ба ӯ гуфта мешавад: ба назди тарозуят биё, мегӯяд: Парвардигоро ин баргаи коғаз дар баробари он саҳифаҳо чи ҳисоб мешавад ва чи вазн дорад? Худованд мегӯяд: ба ту зулму ситам нахоҳад шуд. Сипас он саҳифаҳо дар як паллаи тарозу гузошта мешаванд ва баргаи коғаз дар паллаи дигар, ва он саҳифаҳо ба ҳар тараф пароканда мешаванд ва паллае ки бар он барга гузошта шудааст вазнинӣ мекунад. Чизе дар баробари номи Аллоҳ вазнинтар аз он нест".

Саҳеҳ رواه الترمذي وابن ماجه Сунани Тирмизӣ - 2639

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён медоранд, ки рӯзи қиёмат Худованд мардеро аз миёни умматаш барои ҳисоб ва бозхост дар ҳузури мардум интихоб мекунад. Назди ӯ 99 саҳифа гузошта мешавад, ки иборат аз амалҳои бади ӯ дар дунё ҳастанд ва дарозии ҳар як саҳифа ба андозаи масофаи дидани чашм аст. Худованд ба он мард хитоб фармуда мегӯяд: оё чизе аз навиштаҳои ин китобҳоро инкор мекунӣ? Оё фариштаҳои нависанда зулме барои ту раво дидаанд? Он мард мегӯяд: не эй Парвардигори ман. Худованд мегӯяд: оё барои амалҳое, ки дар дунё анҷом додаи узр ва баҳонае дорӣ? Хоҳ аз сабаби фаромӯшӣ, иштибоҳ ё нодонӣ? Он мард мегӯяд: не эй Парвардигори ман, ҳеҷ узр ва баҳонае надоштам. Аммо Худованд мегӯяд: балки назди мо ҳасана (некӣ)-е аз шумо вуҷӯд дорад, ки имрӯз ба сабаби он ба шумо ситам нахоҳад шуд. Сипас баргае ба ӯ нишон дода мешавад, ки дар он навишта шудааст: Гувоҳӣ медиҳам нест худое барҳақ магар Аллоҳ, ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад банда ва фиристодаи Худост. Сипас Худованд ба он мард мегӯяд: тарозуи худро биёр. Он мард бо таъаҷҷуб мегӯяд: Парвардигорам! Ин барга дар баробари ин ҳама саҳифаҳо чи вазне дорад? Худованд мегӯяд: Имрӯз бар ту зулм нахоҳад шуд. Гуфт: саҳифаҳо (амалҳои бади ӯ) дар як паллаи тарозу ва он барга (амали нек, калимаи шаҳодат) дар паллаи дигари тарозу гузошта мешавад, ки он сангинтар аз тамоми саҳифаҳо бармеояд ва мавриди мағфирати Парвардигор қарор мегирад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Бузургӣ ва азамати калимаи тавҳид: Гувоҳӣ додан бар инки нест худое бар ҳақ магар Аллоҳ, ва вазни он дар тарозуи аъмол.
  2. Гуфтани "Ло илоҳа иллаллоҳ" фақат бо забон басанда нест, балки бояд маънои он фаҳмида ва ба он амал карда шавад.
  3. Ихлос ва қуввати тавҳид сабаби мағфират ва пок шудан аз гуноҳон аст.
  4. Имони ҳар шахс ба андоза ва тафовути ихлос, ки дар қалб дорад мутафовит аз дигарон аст, баъзе аз мардум ин калимаро ба забон меоранд, вале ба андозаи гуноҳонашон азоб дода мешаванд.

Намоиши тарҷумаҳо

69 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
FR Français الفرنسية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
JA 日本語 اليابانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
FF Fulfulde الفولانية
IT Italiano الإيطالية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
BG Български البلغارية
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
EL Ελληνικά اليونانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
LN Lingala اللينجالا
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
BM Bambara البامبارية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
DA Dansk الدنماركية
RN Kirundi الكيروندي
YAO Yao الياو
KMR Kurmancî الكرمنجية
MS Bahasa Melayu الملايو