Дар ҳақиқат, бадтарини мардумон касоне ҳастанд, ки қиёмат дар зинда буданашон фаро мерасад ва касоне, ки қабрҳоро масҷид ва ибодатгоҳ мегиранд
Ҳар касе ба шахси қарздор муҳлат бидиҳад, ё аз қарзи ӯ кам кунад, Аллоҳи Муттаъол рӯзи қиёмат ӯро зери сояи арши Худ, ки он рӯз сояе ҷуз сояи Ӯ нест, қарор медиҳад
Ҳамоно шумо Парвардигоратонро хоҳед дид, чӣ гунае, ки ин моҳро мебинед ва барои дидани Ӯ дучори сахтӣ ва машаққат намешавед
Огоҳ бошед, ки чи басо ҳадиси ман ба марде бирасад ва ӯ дар ҳоле ки бар тахту такягоҳи худ такя задааст бигӯяд: миёни ману шумо китоби Аллоҳ аст
Ин ду азоб дода мешаванд ва дар чизи бузурге азоб дода намешаванд, яке аз он ду худро аз пешоб пок намекард ва дуюми суханчинӣ мекард
Марде Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дар бораи қиёмат пурсид. Гуфт: "Қиёмат кай мешавад?" Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Барои он чӣ омода кардаӣ?
Оё ба шумо дар бораи Даҷҷол чизе нагӯям, ки ҳеҷ паёмбаре ба қавми худ нагуфтааст? Ӯ кӯр ва якчашма аст ва бо худ чизе ба монанди биҳишту дӯзах меорад
Ло илоҳа иллаллоҳ! Вой бар арабҳо аз шарре, ки наздик шудааст! Имрӯз аз садди Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ чунин кушода шуд
Оё биҳиштиёнро ба шумо муаррифӣ накунам? Ҳар заифе, ки дар баробари Аллоҳ Таъоло фурутан аст, агар ба Аллоҳ савганд ёд кунад, Аллоҳ Таъоло савгандашро бароварда мегардонад. Оё дӯзахиёнро ба шумо муаррифӣ накунам? Ҳар инсони тундхуйи мутакаббир, ки мардумро таҳқир мекунад (дӯзахӣ аст)
Ҳар гоҳ аз мусалмоне дар қабр пурсида шавад, ба ин гувоҳӣ медиҳад, ки ҳеҷ маъбуде ба ҳақ ҷуз Аллоҳ нест ва Муҳаммад паёмбари Аллоҳ аст
Пойҳои банда дар рӯзи қиёмат аз ҷояш намеҷунбад, то ин ки дар бораи умраш аз ӯ пурсида шавад, ки чӣ гуна онро ба сар бурдааст. Ва дар бораи илмаш, ки чӣ гуна ба он амал кардааст. Ва дар бораи молаш, ки аз куҷо онро ба даст оварда ва дар куҷо сарф кардааст. Ва дар бораи баданаш, ки дар чӣ роҳе онро фарсуда кардааст
Ҳар соҳиби тилло ё нуқрае, ки ҳаққи онро напардозад (закоташро надиҳад), рӯзи қиёмат барои ӯ тахтаҳои оташин сохта мешавад
Ҳар кас ҳангоми шунидани азон бигӯяд: Аллоҳумма рабба ҳозиҳид-даъватит-томмаҳ вас-салотил-қоимаҳ, оти Муҳаммаданил-василата вал-фазилата вабъасҳу мақоман маҳмуданиллазӣ ваъадтаҳу, шафоати ман дар рӯзи қиёмат бар ӯ ҳосил мегардад." "Эй Парвардигори ин даъвати комил ва ин намози барпоистода, ба Муҳаммад васила ва фазилатро ато кун ва ӯро ба мақоми маҳмуде, ки ваъда додаӣ, бирасон
Ин амр ба он ҷое мерасад, ки шабу рӯз расидааст. Ва Аллоҳ Таъоло ҳеҷ хонаеро дар шаҳр (ва русто) ва бодия раҳо намекунад, магар ин динро вориди он мекунад
Худованд мӯъмини некӯкорро зулм намекунад, барои амалҳои некаш дар дунё ато карда мешавад ва дар охират подоши нек барояш хоҳад дошт
Аз нишонаҳои қиёмат он аст, ки илм аз байн меравад ва ҷаҳлу нодонӣ зиёд мегардад, зино ва шаробнӯшӣ бештар ривоҷ меёбад, мардон кам ва занон зиёд мешаванд, то инки барои панҷоҳ зан як сарпараст (мард) мерасад
Қиёмат қоим нахоҳад шуд, то ин ки марде аз канори қабри марди дигаре бигзарад ва бигӯяд: Эй кош, ман дар ҷои ӯ мебудам
Қиёмат барпо намешавад, то онки шумо бо яҳудиён меҷангед, ҳатто санге, ки яҳудӣ пушти он пинҳон шудааст мегӯяд: эй мусалмон! Ин яҳудӣ аст пушти ман пинҳон шудааст, ӯро бикуш
Савганд ба зоте, ки ҷони ман дар дасти Ӯст, писари Марям ба зудӣ дар миёни шумо ба унвони довари одил фуруд меояд ва салибро мешиканад ва хукро мекушад ва андозро мебардорад ва молу сарват фаровон мешавад, ки касе онро намепазирад
Қиёмат барпо намешавад то инки офтоб аз мағриб тулӯъ кунад, ва чун аз мағриб тулӯъ кунад мардум пас аз дидани он ҳама имон биёваранд
Аллоҳ заминро (дар) мушти (худ) мекунад ва осмонро ба дасти росташ мепечонад, сипас мегӯяд: Манам Подшоҳ, подшоҳони замин куҷоянд?
Ман (рӯзи қиёмат) назди ҳавз ҳастам, то бубинам кадоме аз шумо ба назди ман ворид мешавед ва иддаеро аз назди ман мебаранд ва ман мегӯям: Парвардигоро! Онҳо аз ман ва аз уммати ман ҳастанд
Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), ки ӯ ростгӯ ва тасдиқшуда аст ба мо чунин фармуданд: "Тарзи офариниши ҳар яке аз шумо ба гунае аст, ки ба муддати чиҳил рӯз дар батни модар, ҷамъ меояд
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ишора ба матлабе кард ва фармуд:" Он ҳангоми аз байн рафтани илм аст
Оё касе, ки дар дунё ӯро бо ду пой роҳ рафтан водоштааст, қодир нест рӯзи қиёмат ӯро он гуна водорад, ки бар рӯи чеҳраи худ роҳ равад"?
Дар охири умматам мардуме хоҳанд, буд, ки барои шумо суханҳое мегӯянд, ки шумо ва падаронатон нашунидаед, пас аз онон дур бошед