1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Ақида

Ҳадис Ин ду азоб дода мешаванд ва дар чизи бузурге азоб дода намешаванд, яке аз он ду худро аз пешоб пок намекард ва дуюми суханчинӣ мекард

عَنِ ابْنِ عَبَّاسٍ رضي الله عنهما قَالَ:
مَرَّ النَّبِيُّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ بِقَبْرَيْنِ، فَقَالَ: «إِنَّهُمَا لَيُعَذَّبَانِ، وَمَا يُعَذَّبَانِ فِي كَبِيرٍ، أَمَّا أَحَدُهُمَا فَكَانَ لاَ يَسْتَتِرُ مِنَ البَوْلِ، وَأَمَّا الآخَرُ فَكَانَ يَمْشِي بِالنَّمِيمَةِ» ثُمَّ أَخَذَ جَرِيدَةً رَطْبَةً، فَشَقَّهَا نِصْفَيْنِ، فَغَرَزَ فِي كُلِّ قَبْرٍ وَاحِدَةً، قَالُوا: يَا رَسُولَ اللَّهِ، لِمَ فَعَلْتَ هَذَا؟ قَالَ: «لَعَلَّهُ يُخَفِّفُ عَنْهُمَا مَا لَمْ يَيْبَسَا».

Аз ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт:
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз назди ду қабр мегузашт ва фармуд: "Ин ду азоб дода мешаванд ва дар чизи бузурге азоб дода намешаванд, яке аз он ду худро аз пешоб пок намекард ва дуюми суханчинӣ мекард". Сипас шохаи тозаи дарахти хурморо бардошт ва онро ду нисф кард ва ҳар нисфро дар яке аз қабрҳо нишонд. Гуфтанд: Эй Расули Аллоҳ, чаро чунин кардӣ? Гуфт: "Шояд, то он даме ки хушк нашаванд, барояшон сабукӣ диҳад."

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Бухорӣ - 218

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз назди ду қабр мегузашт, фармуд: Соҳибони ин ду қабр азобу шиканҷа мешаванд. Аммо барои чизе азоб намешаванд, ки дар назари шумо кори бузурге бошад, агарчанде назди Аллоҳ кори бузург аст. Яке аз онҳо ҳангоми қазои ҳоҷат ба ҳифзи бадан ва либоси худ аз пешоб аҳамият намедод. Дувумӣ дар миёни мардум суханчинӣ мекард ва ба қасди зиён расонидан ва миёни мардум ихтилоф андохтан сухани ононро ба ҳам мерасонд.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Суханчинӣ ва аз пешоб пок накардан аз гуноҳони кабира аст ва аз сабабҳои азоби қабр аст.
  2. Аллоҳ Таъоло баъзе аз ғайбиётро - ба монанди азоби қабр - ба унвони нишонаи паёмбарии он ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ошкор мекунад.
  3. Ин амал, яъне ду нима кардани як шохаи сабз ва гузоштан он дар болои қабр хоси Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст. Чунки Аллоҳ ӯро аз аҳволи соҳибони он ду қабр огоҳ кард. Бинобар ин, набояд дигаронро бо он ҳазрат қиёс кард, зеро касе аз аҳволи асҳоби қубур хабардор нест.

Намоиши тарҷумаҳо

58 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
FR Français الفرنسية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
KMR Kurmancî الكرمنجية