Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз қазаъ (тарошидани як қисме аз мӯи сар ва гузоштани қисмати дигар) наҳй фармуданд
Ин ду азоб дода мешаванд ва дар чизи бузурге азоб дода намешаванд, яке аз он ду худро аз пешоб пок намекард ва дуюми суханчинӣ мекард
Ман калимаеро медонам, ки агар онро бигӯяд хашму ғазабаш фурӯ менишинад. Агар бигӯяд: Аъузу биллоҳи минаш-шайтонир-раҷим, хашмаш бартараф мешавад
Аз зулм бипарҳезед, зеро зулм торикиҳои рӯзи қиёмат аст. Ва аз бахилӣ бипарҳезед, зеро бахилӣ мардумеро, ки пеш аз шумо буданд, ҳалок сохт,
Ҳар касе, ки аз номи ман ҳадисе ривоят кунад, дар ҳолате ки гумон меравад он дурӯғ бошад, пас ӯ яке аз ду дурӯғгӯ аст
Дар ҳақиқат, шайтон ноумед шудааст, ки намозгузорон дар Ҷазираи Араб ӯро парастиш кунанд, аммо ӯ (ҳанӯз) ба душманӣ андохтану фитна андохтан миёни онҳо умед мебандад