1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фазоил ва одоб

Ҳадис Дар ҳақиқат, шайтон ноумед шудааст, ки намозгузорон дар Ҷазираи Араб ӯро парастиш кунанд, аммо ӯ (ҳанӯз) ба душманӣ андохтану фитна андохтан миёни онҳо умед мебандад

عَنْ جَابِرٍ رضي الله عنه قَالَ: سَمِعْتُ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَقُولُ:
«إِنَّ الشَّيْطَانَ قَدْ أَيِسَ أَنْ يَعْبُدَهُ الْمُصَلُّونَ فِي جَزِيرَةِ الْعَرَبِ، وَلَكِنْ فِي التَّحْرِيشِ بَيْنَهُمْ».

Аз Ҷобир (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мегӯяд:
"Дар ҳақиқат, шайтон ноумед шудааст, ки намозгузорон дар Ҷазираи Араб ӯро парастиш кунанд, аммо ӯ (ҳанӯз) ба душманӣ андохтану фитна андохтан миёни онҳо умед мебандад."

Саҳеҳ رواه مسلم Саҳеҳ Муслим - 2812

Шарҳ

Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар додааст, ки шайтон ноумед шудааст аз он ки муъминони намозгузор дар Ҷазираи Араб ба парастиши ӯ баргарданд ва барои бут саҷда кунанд. Аммо ӯ то ҳол тамаъ дорад ва ҳамеша кӯшишу меҳнату талоши худ ва тамоми фаъолияти худро дар барангехтани душманӣ миёни онҳо бо ҷангу хусумат, кина, фитнаҳо ва монанди инҳо равона мекунад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Парастиши шайтон ҳамон парастиши бут аст, зеро ӯ фармондеҳ ва даъваткунанда ба он мебошад. Ба далели фармудаи Аллоҳ Таъоло дар бораи Иброҳим (алайҳис-салом): "Эй падарам, шайтонро парастиш накун ..."
  2. Шайтон мекӯшад, ки миёни мусалмонон ҷанг, душманӣ, кина, фитна ва ихтилофҳоро ба вуҷуд оварад.
  3. Аз фоидаҳои намоз дар Ислом он аст, ки муҳаббатро миёни мусалмонон ҳифз намуда, пайвандҳои бародариро қавӣ мегардонад.
  4. Намоз бузургтарин нишонаи дин пас аз ду шаҳодат аст, бинобар ин, мусалмонон "намозгузорон" номида шудаанд.
  5. Ҷазираи Араб хусусиятҳо ва фазилатҳои хоссе дорад, ки дигар сарзаминҳо надоранд.
  6. Агар касе бигӯяд: Дар баъзе ҷойҳои Ҷазираи Араб бутпарастӣ рух додааст ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудааст: "Шайтон ноумед шудааст, ки дар Ҷазираи Араб намозгузорон ӯро парастиш кунанд…?" Посух чунин аст: Ин хабар аз он чизест, ки дар нафси шайтон ноумедӣ ба вуҷуд омадааст, баъд аз ин ки фатҳу пирӯзиҳо ва дохил шудани мардум дар дини Аллоҳ Таъолоро ба шакли гурӯҳӣ дид. Ҳадис дар бораи гумон ва интизори шайтон хабар медиҳад, вале ҳодисаҳои баъдӣ бар хилофи он рух додаанд, бинобар ҳикмате, ки Худои Азза ва Ҷалла мехоҳад.

Намоиши тарҷумаҳо

49 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
NE नेपाली النيبالية
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية