1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Ақида

Ҳадис Ҳеҷ марде набояд марди дигареро ба фисқ (гуноҳи бузург) айбдор кунад, ва набояд ӯро ба куфр нисбат диҳад, зеро агар он шахс чунин набошад, ин айб ба худи гӯянда бармегардад

عَنْ أَبِي ذَرٍّ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ أَنَّهُ سَمِعَ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَقُولُ:
«لاَ يَرْمِي رَجُلٌ رَجُلًا بِالفُسُوقِ، وَلاَ يَرْمِيهِ بِالكُفْرِ، إِلَّا ارْتَدَّتْ عَلَيْهِ، إِنْ لَمْ يَكُنْ صَاحِبُهُ كَذَلِكَ».

Аз Абузар (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шунидааст, ки мегӯяд:
"Ҳеҷ марде набояд марди дигареро ба фисқ (гуноҳи бузург) айбдор кунад, ва набояд ӯро ба куфр нисбат диҳад, зеро агар он шахс чунин набошад, ин айб ба худи гӯянда бармегардад."

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Бухорӣ - 6045

Шарҳ

Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳушдор додааст, ки касе ба дигаре гӯяд: ту фосиқӣ, ё ту кофирӣ, агар он шахс он гуна набошад, худи гӯянда ба ин сифати гуфтааш сазовор мегардад ва гуфтаи ӯ ба худаш бармегардад. Аммо агар он шахс чунон бошад, ки гуфта шудааст, чизе ба гӯянда барнамегардад, зеро ӯ дар гуфтораш ростгӯ будааст.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Ҳаром будани айбдор кардани мардум ба куфр ё фисқ бе далели шаръии ошкор.
  2. Воҷиб будани эҳтиёт ва санҷиши дақиқ ҳангоми содир кардани ҳукмҳо дар бораи аҳволи мардум.
  3. Ибни Дақиқи Ид гуфтааст: Ин ваъиди бузургест барои он касе, ки як мусалмонро ба куфр нисбат медиҳад, дар ҳоле ки ӯ чунин нест. Ва ин вартаи (хатару офати) бузургест.
  4. Ибн Ҳаҷари Асқалонӣ гуфтааст: Аммо аз ин ки шахс бо ин сухан (бо гузоштани айби фисқ ё куфр бар дигаре) фосиқ ё кофир намегардад, лозим намеояд, ки гӯянда дар ҳолате ки ба ӯ мегӯяд: “Ту фосиқӣ”, гунаҳкор набошад. Ва дар ин ҳолат тафсил ҳаст: Агар мақсади ӯ насиҳат кардани он шахс ё насиҳат кардан ба дигарон бо баён кардани ҳолати воқеии ӯ бошад, ҷоиз аст. Аммо агар мақсади ӯ расво кардан, бадном кардан ва танҳо озор расонидан бошад, ҷоиз нест. Зеро ӯ вазифадор аст, ки гуноҳи ӯро пӯшонад, ӯро биомӯзонад ва бо сухани нек мавъиза намояд. Пас агар ин кор бо нармӣ анҷом гирад, анҷом додани он бо хушунат ҷоиз нест, зеро чунин рафтор метавонад сабаби исрор варзидан ва саркашии ӯ гардад. Чунон ки табиати бисёре аз мардум чунин аст, махсусан вақте ки амрдиҳанда аз амршаванда мақоми поёнтар дорад.

Намоиши тарҷумаҳо

49 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
NE नेपाली النيبالية
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية