عن جابرٍ رضي الله عنه قال: سمعت النبي صلى الله عليه وسلم يقول:
«إِنَّ بَيْنَ الرَّجُلِ وَبَيْنَ الشِّرْكِ وَالْكُفْرِ تَرْكَ الصَّلَاةِ».
[صحيح] - [رواه مسلم] - [صحيح مسلم: 82]
المزيــد ...
Аз Ҷобир (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мегуфт:
"Миёни шахс ва ширку куфр, тарки намоз аст."
[Саҳеҳ] - [رواه مسلم] - [Саҳеҳ Муслим - 82]
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз тарки намози фарз ҳушдор дода ва баён намуданд, ки миёни шахс ва афтоданаш дар ширк ва куфр, тарки намоз аст. Зеро намоз дувумин рукни аркони Ислом аст, ки дар Ислом аҳамияти бузурге дорад. Агар касе воҷиб будани намозро инкор карда, онро нахонад, бо иҷмоъи мусалмонон кофир мешавад. Вале агар онро аз рӯйи саҳлангорӣ ва танбалӣ ба таври комил тарк кунад, кофир аст ва иҷмоъи саҳобаро дар ин бора нақл кардаанд. Ва агар гоҳ таркаш кунад ва гоҳ адояш кунад, дучори ин таҳдид ва ваъиди шадид қарор дорад.