1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фазоил ва одоб

Ҳадис Ман калимаеро медонам, ки агар онро бигӯяд хашму ғазабаш фурӯ менишинад. Агар бигӯяд: Аъузу биллоҳи минаш-шайтонир-раҷим, хашмаш бартараф мешавад

عَنْ سُلَيْمَانَ بْنِ صُرَدٍ رضي الله عنه قَالَ:
كُنْتُ جَالِسًا مَعَ النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ وَرَجُلاَنِ يَسْتَبَّانِ، فَأَحَدُهُمَا احْمَرَّ وَجْهُهُ، وَانْتَفَخَتْ أَوْدَاجُهُ، فَقَالَ النَّبِيُّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «إِنِّي لَأَعْلَمُ كَلِمَةً لَوْ قَالَهَا ذَهَبَ عَنْهُ مَا يَجِدُ، لَوْ قَالَ: أَعُوذُ بِاللَّهِ مِنَ الشَّيْطَانِ، ذَهَبَ عَنْهُ مَا يَجِدُ» فَقَالُوا لَهُ: إِنَّ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ: «تَعَوَّذْ بِاللَّهِ مِنَ الشَّيْطَانِ»، فَقَالَ: وَهَلْ بِي جُنُونٌ؟

Аз Сулаймон ибни Сурад (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:
Ман бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нишаста будам, ду мард ба якдигар дашном медоданд. Чеҳраи яке аз онҳо сурх ва рагҳои гарданаш аз шиддати ғазаб баромада буданд. Паёмбар гуфт:" Ман калимаеро медонам, ки агар онро бигӯяд хашму ғазабаш фурӯ менишинад. Агар бигӯяд: Аъузу биллоҳи минаш-шайтонир-раҷим, хашмаш бартараф мешавад". Ба он мард гуфтанд: Паёмбар гуфт, ки “Аз шарри шайтони рондашуда ба Аллоҳ паноҳ бибар". Он мард гуфт: Оё ман девонаам?

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Бухорӣ - 3282

Шарҳ

Ду мард дар назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) якдигарро дашном доданд, яке аз онҳо аз шиддати ғазаб рӯяш сурх ва рагҳои гарданаш баромада буд.
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт: Ман сухане медонам, ки агар ин марди хашмгин бигӯяд, ғазабаш бартараф мешавад. Гуфт: Аъузу биллоҳи минаш-шайтонир-раҷим.
Ба он мард гуфтанд: Паёмбар гуфт, ки “Аз шарри шайтони рондашуда ба Аллоҳ паноҳ бибар."
Он мард гуфт: Оё ман девонаам? Ӯ гумон кард, ки танҳо касе, ки девона бошад, аз шайтон паноҳ мебарад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои роҳнамоӣ ва ҳидоят кардани мардум ҳар гоҳ сабабаш пайдо мешуд, талош ва кӯшиш мекарданд.
  2. Ғазаб аз шайтон аст.
  3. Амр ба паноҳ бурдан ба Аллоҳ Таъоло аз шарри шайтони рондашуда ҳангоми хашму ғазаб. Худованд мефармояд: "Ва ҳар гоҳ аз ҷониби шайтон васвасае туро фаро гирифт, ба Аллоҳ Таъоло паноҳ бибар."
  4. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз дашном додан ва лаънат кардани мардум манъ карда, онҳоро бад ҳисобидааст, зеро онҳо боиси фасод дар байни мардум мешаванд.
  5. Расонидани насиҳат ба касе, ки нашунидааст, то аз он баҳра барад.
  6. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз хашмварзӣ ҳушдор додааст, зеро хашм одамро ба зулму ҷаҳолат ва бетадбирӣ мерасонад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) танҳо вақте хашм мекард, ки аҳкоми Худо зери по мешуд ва ин хашми ситудашуда аст.
  7. Нававӣ гуфтааст: Гуфтани он шахс ки "Оё ман девонаам?", эҳтимол дорад ӯ мунофиқ ё аз бодиянишинони тундхӯ бошад.

Намоиши тарҷумаҳо

50 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية