1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фазоил ва одоб

Ҳадис Аз (ҷумлаи) зебоии исломи шахс он аст, ки он чиро бар вай фоида надорад, тарк намояд

عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:
«مِنْ حُسْنِ إِسْلَامِ المَرْءِ تَرْكُهُ مَا لَا يَعْنِيهِ».

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Аз (ҷумлаи) зебоии исломи шахс он аст, ки он чиро бар вай фоида надорад, тарк намояд".

قال النووي: حديث حسن رواه الترمذي وغيره الأربعون النووية - 12

Шарҳ

Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки камоли зебоии Ислом ва камоли имони мусалмон дар он аст, ки инсон аз он чизҳое, ки ба ӯ дахл надорад, ба ӯ тааллуқ надорад ва барои ӯ фоидае надорад, чи аз суханҳо ва чи аз амалҳо дурӣ ҷӯяд. Зиёда аз ин, машғул шудан ба чизҳое, ки ба инсон дахл надоранд, метавонанд ӯро аз корҳои муҳим маҳрум кунанд, ё ӯро ба чизҳое расонанд, ки бояд аз онҳо парҳез кунад. Инсон рӯзи қиёмат барои амалаш посухгӯ аст.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Одамон дар Ислом бо ҳам тафовут доранд ва ҳамоно Ислом бо баъзе амалҳо некутар мегардад.
  2. Дурӣ кардан аз суҳбатҳои беҳуда ва ёвагӯӣ ва амалҳои ғайризарурӣ нишонаи камоли исломи шахс аст.
  3. Тарғиб ба ин ки инсон бояд ба корҳои марбут ба дин ва дунёаш машғул бошад. Агар аз зебоии исломи шахс дур буданаш аз он чизҳое, ки ба ӯ дахл надорад, бошад, пас, машғул шуданаш ба он чизҳое, ки ба ӯ дахл доранд, низ аз камол ва зебоии ислом ӯст.
  4. Ибн Қайим (раҳимаҳуллоҳ) гуфт: Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) тамоми парҳезгориро дар як ҷумла ҷамъ карда гуфтаст: "Аз хубии исломи шахс он аст, ки он чиро, ки бар вай фоида надорад, тарк намояд". Ин ҷумла ҳама гуна дасткашӣ аз ҳар гуна гуфтугӯ, нигариш, гӯш кардан, даст дароз кардан, роҳ рафтан, андешидан ва дигар ҳаракатҳои зоҳирӣ ва ботинии баданро, фаро мегирад ва ин сухан дармонгар дар боби парҳезгорӣ аст.
  5. Ибн Раҷаб гуфт: Ин ҳадис яке аз асосҳои адаб аст.
  6. Ташвиқ ба илмомӯзӣ, зеро ба воситаи он инсон мефаҳмад, ки чӣ чиз ба ӯ зарур аст ва чӣ чиз на.
  7. Амр ба маъруф ва наҳйи аз мункар ва насиҳат. Инҳо аз корҳое ҳастанд, ки ба инсон марбут ҳастанд, зеро ӯ дар ин маврид ба он маъмур шуда аст.
  8. Дар доираи маънои умумии ҳадис ворид мешавад: Дурӣ кардан аз он чизе, ки ба инсон марбут нест, аз он чизҳое, ки Худо ҳаром гардонидааст ва Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нописанд донистааст. Инчунин дурӣ кардан аз он чизҳое, ки ба умури охират, мисли ҳақиқатҳои ғайбӣ ва тафсилоти ҳукм дар офариниш ва фармон дахл доранд ва ӯ ба он ниёз надорад. Масалан, пурсидан ва кунҷкобӣ кардан дар масъалаҳои муқаддар ва эҳтимолӣ, ки ҳанӯз рух надодааст ё кам рӯй медиҳад, ё ҳатто воқеъ шуданашро тасаввур карда намешавад.

Намоиши тарҷумаҳо

57 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
BN বাংলা البنغالية
FR Français الفرنسية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
BM Bambara البامبارية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
DA Dansk الدنماركية
RN Kirundi الكيروندي
KMR Kurmancî الكرمنجية
MS Bahasa Melayu الملايو