عَنْ عَبْدِ اللَّهِ بْنِ عَمْرٍو رضي الله عنهما قال: قال رَسولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:
«أَرْبَعٌ مَنْ كُنَّ فِيهِ كَانَ مُنَافِقًا خَالِصًا، وَمَنْ كَانَتْ فِيهِ خَلَّةٌ مِنْهُنَّ كَانَتْ فِيهِ خَلَّةٌ مِنْ نِفَاقٍ حَتَّى يَدَعَهَا: إِذَا حَدَّثَ كَذَبَ، وَإِذَا عَاهَدَ غَدَرَ، وَإِذَا وَعَدَ أَخْلَفَ، وَإِذَا خَاصَمَ فَجَرَ».
المزيد
Аз Абдуллоҳ ибни Амр (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Чаҳор хислат аст, ки агар дар касе бошад, мунофиқи холис аст. Ва ҳар касе яке аз ин хислатҳоро дошта бошад, пас дар ӯ нишонае аз нифоқ ҳаст, то вақте ки онро тарк кунад: Ҳаргоҳ сухан гӯяд-дурӯғ гӯяд; ҳар гоҳ аҳду паймон бандад, онро шиканад; ҳар гоҳ ваъда диҳад, хилоф кунад; ҳар гоҳ хусумату душманӣ кунад, туҳмат занад ва аз ҳад гузарад".