عن أبي بَكرة رضي الله عنه قال: سمعت رسول الله صلى الله عليه وسلم يقول:
«إِذَا الْتَقَى الْمُسْلِمَانِ بِسَيْفَيْهِمَا فَالْقَاتِلُ وَالْمَقْتُولُ فِي النَّارِ»، فَقُلْتُ: يَا رَسُولَ اللهِ هَذَا الْقَاتِلُ، فَمَا بَالُ الْمَقْتُولِ؟ قَالَ: «إِنَّهُ كَانَ حَرِيصًا عَلَى قَتْلِ صَاحِبِهِ».
[صحيح] - [متفق عليه] - [صحيح البخاري: 31]
المزيــد ...
Аз Абубакра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт:
"Вақте ду мусалмони шамшер ба даст дар муқобили ҳам қарор мегиранд, қотил ва мақтул (ҳарду) дар дӯзах ҳастанд". Гуфтам: Эй Расули Худо ин қотил аст, аммо гуноҳи мақтул чист? Фармуданд: "Ӯ низ мехост ҷониби муқобилро бикушад".
[صحيح] - [متفق عليه] - [Саҳеҳ Бухорӣ - 31]
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд, ки агар ду мусалмон шамшер ба даст дар муқобили ҳамдигар қарор гирифтанд ва ҳар як қасди куштани дигарро дошт, пас қотил ба сабаби куштани ҳариф дар оташи дӯзах аст. Саҳобагон бо тааҷҷуб аз сабаби дохил шудани шахси кушташуда ба дӯзах пурсиданд, Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар доданд, ки ӯ низ аз аҳли дӯзах аст, зеро ӯ ҳам қасди куштани ҳарифашро дошт, магар инки ҷониби муқобил сабқат намуда ӯро кушт.