Рӯйхати ҳадисҳо

Агар касе бародарашро дӯст бидорад, бигзор аз муҳаббаташ ӯро огаҳ кунад
عربي الإنجليزية الأوردية
Оё медонед ғайбат чист?" Гуфтанд: Аллоҳ ва Паёмбараш огоҳтаранд. Гуфт: "Бародаратро ба ончи, ки дӯст надорад ёд кунӣ
عربي الإنجليزية الأوردية
Ҳеҷ чиз дар рӯзи қиёмат дар тарозуи муъмин сангинтар аз ахлоқи некӯ нест ва Аллоҳ аз шахси зиштгӯй ва баддаҳон нафрат дорад
عربي الإنجليزية الأوردية
Ҳар касе савганд ёд кард ва дар савгандаш гуфт: қасам ба Лот ва Уззо, бояд "Ло илоҳа иллаллоҳ" бигӯяд. Ва ҳар кас ба дӯсташ бигӯяд: биё қиморбозӣ кунем, бояд садақа диҳад
عربي الإنجليزية الأوردية
Мусалмон касе аст, ки мусалмонон аз забон ва дасти ӯ дар амон бошанд. Ва муҳоҷир касе аст, ки он чиро Аллоҳ ҳаром кардааст, тарк кунад
عربي الإنجليزية الأوردية
Чаҳор хислат аст, ки агар дар касе бошад, мунофиқи холис аст. Ва ҳар касе яке аз ин хислатҳоро дошта бошад, пас дар ӯ нишонае аз нифоқ ҳаст, то вақте ки онро тарк кунад: Ҳаргоҳ сухан гӯяд-дурӯғ гӯяд; ҳар гоҳ аҳду паймон бандад, онро шиканад; ҳар гоҳ ваъда диҳад, хилоф кунад; ҳар гоҳ хусумату душманӣ кунад, туҳмат занад ва аз ҳад гузарад
عربي الإنجليزية الأوردية
Муъмин таъназананда, лаънаткунанда, дашномдиҳанда ва бадгуфтор (бешарм) нест
عربي الإنجليزية الأوردية