عَنْ أَبِي الدَّرْدَاءِ رضي الله عنه أَنَّ النَّبِيَّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ:
«مَا شَيْءٌ أَثْقَلُ فِي مِيزَانِ الْمُؤْمِنِ يَوْمَ القِيَامَةِ مِنْ خُلُقٍ حَسَنٍ، وَإِنَّ اللَّهَ لَيُبْغِضُ الفَاحِشَ البَذِيءَ».

[صحيح] - [رواه أبو داود والترمذي] - [سنن الترمذي: 2002]
المزيــد ...

Аз Абудардо (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Ҳеҷ чиз дар рӯзи қиёмат дар тарозуи муъмин сангинтар аз ахлоқи некӯ нест ва Аллоҳ аз шахси зиштгӯй ва баддаҳон нафрат дорад."

[Саҳеҳ] - [رواه أبو داود والترمذي] - [Сунани Тирмизӣ - 2002]

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) моро огоҳ намуданд, ки дар рӯзи қиёмат вазнинтарин амал ва гуфтор дар тарозуи муъмин ахлоқи нек аст. Ва он бо чеҳраи кушода будан ва озор надодани дигарон ва некӣ кардан ба онон аст. Ва Аллоҳ Таъоло аз касе, ки дар рафтору гуфтораш зишт ва баддаҳон аст, нафрат дорад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Фазилати ахлоқи нек, зеро ахлоқи нек сабаби касби муҳаббати Аллоҳ ва бандагонаш мешавад ва бузургтарин чизе аст, ки рӯзи қиёмат дар тарозуи амалҳо гузошта мешавад.
Намоиши тарҷумаҳо
Забон: الإنجليزية الأوردية الإسبانية Бештар (57)
Бештар