1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Ақида

Ҳадис Мусалмон касе аст, ки мусалмонон аз забон ва дасти ӯ дар амон бошанд. Ва муҳоҷир касе аст, ки он чиро Аллоҳ ҳаром кардааст, тарк кунад

عَنْ عَبْدِ اللَّهِ بْنِ عَمْرٍو رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمَا عَنِ النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ:
«المُسْلِمُ مَنْ سَلِمَ المُسْلِمُونَ مِنْ لِسَانِهِ وَيَدِهِ، وَالمُهَاجِرُ مَنْ هَجَرَ مَا نَهَى اللَّهُ عَنْهُ».

Аз Абдуллоҳ ибни Амр (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Мусалмон касе аст, ки мусалмонон аз забон ва дасти ӯ дар амон бошанд. Ва муҳоҷир касе аст, ки он чиро Аллоҳ ҳаром кардааст, тарк кунад."

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Бухорӣ - 10

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки мусалмоне, ки исломаш комил аст, касе аст, ки мусалмонон аз забони ӯ дар амон ҳастанд. Яъне, онҳоро дашном намедиҳад, лаънат намегӯяд, ғайбат намекунад ва ба забонаш ба онон ҳеҷ зараре намерасонад. Ва онҳо аз дасташ ҳам дар амон ҳастанд. Яъне, ба ҳаққашон даст дарозӣ намекунад ва амволашонро ба ноҳақ намегирад ва монанди инҳо. Ва муҳоҷир касе аст, ки он чиро Аллоҳ ҳаром кардааст, тарк мекунад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Камолияти Ислом танҳо дар сурати нарасонидани зарар ба дигарон, чи аз ҷиҳати моддӣ ва чи аз ҷиҳати маънавӣ, имконпазир аст.
  2. Дар инҷо забон ва даст ба шакли хос зикр шудааст, зеро иштибоҳоти дасту забон ва зиёни онҳо бештар аст ва бештари бадиҳо аз ин ду рух медиҳад.
  3. Ташвиқ ва тарғиб ба тарки гуноҳон ва пойбандӣ ба амрҳои Аллоҳ Таъоло.
  4. Беҳтарин мусалмонон касоне ҳастанд, ки ҳаққи Аллоҳ Таъоло ва ҳаққи мусалмононро ба ҷо меоранд.
  5. Таҷовуз ва дастдарозӣ метавонад шифоҳӣ ё амалӣ бошад.
  6. Ҳиҷрати комил, тарки он чи ки Аллоҳ Таъоло ҳаром кардааст, мебошад.

Намоиши тарҷумаҳо

57 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
IT Italiano الإيطالية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
KMR Kurmancî الكرمنجية