عَنْ عَبْدِ اللهِ بْنِ مَسْعُودٍ رضي الله عنه قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:
«لَيْسَ الْمُؤْمِنُ بِالطَّعَّانِ وَلاَ اللَّعَّانِ وَلاَ الفَاحِشِ وَلاَ البَذِيءِ».

[صحيح] - [رواه الترمذي] - [سنن الترمذي: 1977]
المزيــد ...

Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Муъмин таъназананда, лаънаткунанда, дашномдиҳанда ва бадгуфтор (бешарм) нест."

[Саҳеҳ] - [رواه الترمذي] - [Сунани Тирмизӣ - 1977]

Шарҳ

Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки шахси дорои имони комил чунин нест, ки мардумро дар насабашон айбҷӯӣ кунад, ё зиёд дашномдиҳанда ва лаънаткунанда бошад ва на фоҳишу беҳаё дар гуфтору кирдор бошад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Нафйи имон дар матнҳои шаръӣ танҳо барои анҷоми кори ҳаром ё тарки кори воҷиб мебошад.
  2. Ташвиқ ба ҳифзи аъзои бадан, бахусус забон аз корҳои бад ва зишт.
  3. Синдӣ мегӯяд: Дар вожаҳое чун "الطعّان" ва "اللعّان" (бисёр бадгӯкунанда ва лаънатгар) шеваи муболиға омадааст, ки нишон медиҳад агар гоҳо инсон ба касе, ки сазовори он аст, озоре расонад ё лаънат кунад ва ин корҳо кам анҷом шаванд, ба имони ӯ зиён намерасонанд ва ӯро аз сифатҳои аҳли имон хориҷ намекунанд.
Намоиши тарҷумаҳо
Бештар