Дастабандӣ: Фазоил ва одоб .

عَنْ عَبْدِ اللَّهِ بنِ مَسْعُودٍ رضي الله عنه أَنَّ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ:
«سِبَابُ المُسْلِمِ فُسُوقٌ، وَقِتَالُهُ كُفْرٌ».

[صحيح] - [متفق عليه] - [صحيح البخاري: 48]
المزيــد ...

Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Дашном додан ба мусалмон фисқ ва ҷангидан бо ӯ куфр аст".

[Саҳеҳ] - [متفق عليه] - [Саҳеҳ Бухорӣ - 48]

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мусалмонро аз дашном додани бародари мусалмонаш манъ карданд, зеро ин амал аз фисқ ва берун шудан аз итоати Аллоҳ ва Расули Ӯст. Ҳамчунин ҷангидан бо бародари мусалмон аз амалҳои куфрӣ мебошад, вале куфри хӯрд.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Эҳтироми номуси мусалмон ва хунаш воҷиб аст.
  2. Азим будани оқибати дашном додани мусалмон ба ноҳақ. Зеро дашномдиҳанда фосиқ аст.
  3. Дашном додани мусалмон ва ҷангидан бо ӯ имонро заиф ва кам мекунад.
  4. Баъзе амалҳо куфр номида мешаванд, ҳарчанд ба куфри бузург, ки шахсро аз дини Ислом хориҷ мекунад, намерасанд.
  5. Мақсад аз куфр инҷо куфри асғар аст, ки бо иттифоқи аҳли суннат шахсро аз дини Ислом хориҷ намекунад. Зеро Аллоҳ Таъоло бародарии имониро барои муъминон ҳангоми ҷанг ва ихтилофашон собит намудааст. Чунончи, Худованд мефармояд: "Агар ду гурӯҳ аз муъминон бо ҳам даргир шуданд, миёнашон оштӣ барқарор кунед..." то "Албатта, муъминон бародари якдигаранд." (Сураи Ҳуҷурот, оятҳои 9-10).
Намоиши тарҷумаҳо