عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رضي الله عنه أَنَّ رَسُولَ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ:
«لَا تَبْدَؤوا الْيَهُودَ وَلَا النَّصَارَى بِالسَّلَامِ، فَإِذَا لَقِيتُمْ أَحَدَهُمْ فِي طَرِيقٍ فَاضْطَرُّوهُ إِلَى أَضْيَقِهِ».
[صحيح] - [رواه مسلم] - [صحيح مسلم: 2167]
المزيــد ...
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Оғозгари салом бар яҳудиён ва насрониён набошед; агар дар роҳ бо яке аз онон рӯ ба рӯ шудед, ногузираш кунед, ки ба тангтарин қисми роҳ биравад."
[Саҳеҳ] - [رواه مسلم] - [Саҳеҳ Муслим - 2167]
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ин ки оғозгари салом бар яҳуду насрониҳо бошем, манъ кардааст. Ҳатто агар онҳо зимӣ (яъне зери ҳимояи Ислом) бошанд, чи расад ба дигар кофирон. Ӯ барои мо баён карданд, ки агар яке аз онҳоро дар роҳ дидем, бояд онҳоро ба қисмати тангтарини роҳ маҷбур гузаронем. Зеро муъмин дар байни роҳ, роҳ меравад ва кофир бояд канор биравад. Мусалмон, набояд дар ҳеҷ ҳолате залил бошад.